Дар муқоиса бо соли гузашта давоми моҳҳои январ-июли соли равон ҳаҷми гардиши савдои нуқтаҳои хӯроки умумӣ бо шумули меҳмонхонаву тарабхонаҳо дар Тоҷикистон қариб ба андозаи 23% кам шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, сатҳи даромад дар ин бахш ба ҷуз вилояти Хатлон, ки дар он ҳаҷми гардиш 8,1% афзудааст, дигар қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар коҳиш ёфтааст. Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ корхонаҳои хизматрасонии хӯроки умумӣ наздики 108 млн сомонӣ даромад ба даст овардаанд.

Гуфта мешавад, ҳаҷми аз ҳама зиёдтарини коҳиши гардиши савдо дар ин бахш дар пойтахт - беш аз 33% ба қайд гирифта шудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳо дар вилояти Суғд қариб 20%, ВМКБ - 19% ва ноҳияҳои тобеи марказ ба миқдори ҳудуди 10% кам шудааст.

Қобили зикр аст, ки пандемияи коронавирус ба рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонида, қариб ҳамаи соҳаҳои он зарар диданд.

Дар навбати аввал соҳаҳое осеб диданд, ки дар онҳо хизматрасонӣ ба шумори одамони зиёд дар як вақт дар макони маҳдуд иҷро мешуд.

Аз оғози пандемияи коронавирус бахусус бозори хизматрасонии хӯроки умумӣ осеб дид, зеро мардум аз истифодаи хизматрасонии ин соҳа худдорӣ мекарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.