Профессор Сурайё Шукурова мусоҳибааш дар бораи табобати тарбодро «фейк» номид.
Чӣ санҷида шуд?
21-уми августи соли ҷорӣ дар сомонаи рамзии «Медуза» маводе таҳти унвони «Лечение суставов дорогими пустышками: ревматологи 12 лет обманывают пациентов по всему Таджикистану» нашр гардид (бойгонӣ).
Бино ба навиштаи ин сомона, тарбодшиносон бо истифода аз доруҳои гаронбаҳо тӯли 12 сол дар саросари Тоҷикистон одамонро фиреб додаанд ва дар натиҷа бемороне, ки бо ин доруҳои гаронбаҳо табобат гирифтаанд, маъюб гардидаанд.
Иқтибос:
«Дар охири моҳи марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошти оммавии тарбодшиносон (ревматолог) оғоз ёфт. Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар 3 моҳ 367 нафар табибон боздошт шудаанд. Миёни боздоштшудагон ҳам табибони одӣ ва ҳам мудирони шӯъбаҳои тарбоду асабшиносӣ, инчунин чанд вазир ҳастанд.
Сабаби боздоштро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба навиштани доруҳои бефоидаву гаронбаҳо рабт медиҳанд, ки тӯли 12 сол тарбодшиносон мардумро фиреб додаанд. Ин таҷриба дар саросари кишвар паҳн шудааст. Дар маҷмӯъ, тибқи маълумоти тафтишот, табибон зиёда аз 1 млн. беморро ба маблағи беш аз 30 млрд. фиреб кардаанд. Дар натиҷа, аксари онҳо аз ин доруҳои бефоидаи гаронбаҳои таъиншуда маъюб гаштаанд».
Инчунин, дар идомаи мавод сомонаи мазкур бо сардухтури касалиҳои дарунии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти тарбодшиносони ҶТ, узви вобастаи Академияи илмҳои тибби ҶТ, доктори илмҳои тиб, профессор Сурайё Шукурова доир ба боздошти табибон ва табобати ин беморӣ гӯиё мусоҳибае анҷом додааст.
Зимни ҷустуҷӯ маълум гардид, ки дар ин бора чанд маълумоти гуногун дар шабакаи интернетӣ паҳн гардидааст. Аз сабаби зиёд будани маълумоти шубҳанок ва расонаӣ шудани маводи мазкур, Factcheck.tj дар санҷиши худ дақиқ кард, ки ин гуфтаҳо то куҷо дурустанд.
Ҳукмнома: Фейк
Якум, маълумот дар бораи боздошти беш аз 350 табиб ва чанде аз вазирон ҳатман таваҷҷуҳи расонаҳоро ба худ ҷалб мекард, аммо хабаргузориҳои тоҷикистонӣ дар ин бора хабаре нашр накардаанд.
Дуюм, маводе, ки дар сомонаи рамзӣ бо нишонаи «Медуза» нашр шудааст, аслан ба ин хабаргузорӣ дахл надорад ва ҳатто «Медуза» дар ин бора чизе ҳам ба нашр нарасонидааст.
Сеюм, профессор Сурайё Шукурова дар наворе расман ба мо тасдиқ кард, ки дар ин бора бо ягон хабаргузорӣ суҳбате анҷом надодааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Ҳангоми ҷустуҷӯ дар Google ва Яндекс ба ин монанд (бойгонӣ) чанд матлаберо дарёфт кардем (бойгонӣ), ки айнан бо чунин мазмун дар чанд сомонаҳои рамзии белорусӣ ва русӣ ба таври густурда чарх мезанад (бойгонӣ). Ин матлаб ҳанӯз аз моҳи марти соли 2018 инҷониб дар шабакаи интернетӣ бо иваз кардани танҳо номи давлатҳо, ному насаби духтурон ва акси онҳо бо вазифаашон паҳн мешаванд. Ҳарчанд дар соли 2018 аз фейк (бойгонӣ) будани ин матлаб чанде аз сомонаву саҳифаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд (бойгонӣ), вале ин мавод ҳанӯз ҳам дар олами маҷозӣ такрор ба такрор бо тағйири чанд маълумот васеъ паҳн мегардад.
Маълумоте, ки дар мавриди Тоҷикистон нашр шудааст ва акси духтуре, ки аз ӯ доктори илмҳои тиб, профессор Сурайё Шукурова Мақсудовна ном бурда мешавад, тариқи ҷустори TinEye мавриди санҷиш қарор додем. Тавре маълум гардид, муаллифи акси истифодашуда ОИ «ASIA-Plus» мебошад (бойгонӣ). Инчунин, дар маводи хабаргузорӣ мо ному насаби Сурайё Шукуроваро бо чанд аксҳои дигари ӯ низ пайдо кардем. Барои боз ҳам дақиқ кардани шахсияти ӯ, ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон муроҷиат намудем ва онҳо будани чунин мутахассисро тасдиқ карданд.
Доктори илмҳои тиб, профессор Сурайё Шукурова дар як cуҳбати ихтисосӣ бо сомонаи Factcheck.tj ҳамаи инро рад кард ва гуфт: «ин мусоҳибаи ӯ нест ва бардурӯғ будани онро тасдиқ мекунад».
Хулоса
Далелсанҷии мо нишон дод, ки маводи мазкур ягон асоси воқеӣ надорад ва бинобар ин, ҳукмномаи мо «Фейк» унвон мегирад.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста