Қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи июл бо назардошти баиқияи солҳои гузашта 60,6 млн сомониро ташкил дода, аввали моҳи август то 65,1 млн сомонӣ расид, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.
Қарзи аз ҳама зиёд дар дар соҳаи сохтмон (17,6 млн сомонӣ), истихроҷи канданиҳои фоиданок (14,7 млн сомонӣ) ва саноати коркард (14,4 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Музди меҳнат дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1275 сомониро ташкил додааст, ки аз рӯйи қурби ҳозира ба 124 доллар баробар аст.
Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомониро ташкил медиҳад.
Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта (3726 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2610 сомонӣ), бинокорон (2390 сомонӣ), кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2254 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 531 сомонӣ сабт шудааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии ИДМ, байни кишварҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон музди меҳнат пасттарин аст.
Музди меҳнати миёна дар Русия – 730 доллар, Беларус – 518, Украина – 388, Озарбойҷон – 370, Арманистон – 375 ва Қирғизистон – 239 долларро ташкил дода, оид ба нишондиҳандаҳо дар Қазоқистону Молдова ва Ӯзбекистон маълумот дастрас нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.