Ягона постгоҳи назоратӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин - “Қулма” аз аввали моҳи октябри соли гузашта баста боқӣ мемонад. Роҳ бо ташаббуси ҳукумати Чин баста шудааст.
Баъди бар асари пандемия баста шудани сарҳадҳо, интиқоли бор тариқи ин гузаргоҳ бо тарзи махсус амалӣ мешуд: таҳвилгарони Чин борро то сарҳади умумӣ оварда, ба ҳамтоёни тоҷики худ месупориданд. Ин тарзи кор пешгирии паҳншавии коронавирус маънидод мешуд.
Аммо аз охири моҳи октябр роҳ барои ҳаракат баста аст.
Дар вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон мегӯянд, Чин сарҳадро натанҳо бо Тоҷикистон, балки бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Қирғизистон низ баста, ҳалли масъалаи мазкур танҳо ба ҳукумати Чин вобаста мебошад.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари як ширкати нақлиёт дар Хоруғ, ки ба ҳамлу нақли молу маҳсулот аз Чин машғул аст, ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки боз шудани гузаргоҳи “Қулма”-ро акнун танҳо баъди ба охир расидани таҷлили Соли нав дар Чин интизор аст.
Тибқи тақвими Чин, Соли нав дар ин кишвар 12 феврал фаро расида, то 27 феврал идома меёбад. Дуруст аст, ки дар ин ид чиниҳо расман ҳамагӣ 7 рӯз - аз 12 то 18 феврал истироҳат мекунанд.
Баста будани сарҳадро тоҷир ба “сиёсати ҳукумати Чин, ки ба ҳимоя аз манфиатҳои соҳибкорони худӣ равона шудааст”, рабт медиҳад.
“Онҳо бо шароити мусоид касро ба бозорҳои худ “ҷалб намуда”, вақте савдо аллакай роҳандозӣ мешавад, тадриҷан қоидаҳоро ба нафъи шаҳрвандони худ иваз мекунанд, аз ҷумла бо боло бурдани ҳаҷми пардохтҳои ҳатмӣ барои таҳвилгарони тоҷик.
Бо ин тарзҳо онҳо то аз дасташон омадан ҷойи моро дар бозори хизматрасонии борҳо танг мекунанд. Масалан, охири моҳи январ сарҳадро бар асари вируси нав бастанд. Баъдтар гардиши мол тариқи “Қулма” барқарор шуд, лекин шартҳо аллакай тағйир ёфтанд: худи чиниҳо контейнерро то сарҳад меоранд. Дар ҳамин ҳол, зимни қабулу интиқоли бор мо бояд чудогона барои контейнер пул пардохт кунем, ки арзиши воқеии онро онҳо беш аз 5 баробар боло мебаранд”, - иброз дошт таҳвилгари бор.
Дар ҳамин ҳол, аксарияти соҳибкорон дар Душанбе, ки аз ҳисоби интиқол ва фурӯши маҳсулот аз Чин пул кор мекарданд, бекоранд.
Бархе аз таҳвилгарон то аввали моҳи октябри соли гузашта баъзе маҳсулот, аз ҷумла либосу пойафзоли зимистонаро фармоиш дода, ба шарикони чинии худ пули онро пардохтанд, лекин то ҳол борашонро нагирифтаанд.
“Ҳанӯз то моҳи октябр ба шарикам аз Қошғар бор фармоиш дода, пулашро фиристодам. Контейнер барои интиқол омода буд, лекин гузаргоҳро бастанд. Бор асосан аз сарулибос ва пойафзоли зимистона иборат аст. Дар фаъолияти мо бекор кардани фармоиш қобили қабул нест, чунки барои бор аллакай бисёр ҳуҷҷатҳо ба расмият дароварда шудааст. Дар ташвишам, ки сарҳадро ба наздикӣ намекушоянд ва боре, ки ман пулашро пардохтам, бо гузашти мавсим аллакай харидор намеёбад”, - гуфт ба “Азия-Плюс” соҳибкор Самад Зарифов.
Соҳибкор қайд кард, ки аз ҳисоби молу маҳсулоти аз Чин овардаи ӯ дигар одамон низ бо фурӯши чаканаи он дар бозорҳои пойтахт пул кор мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Чин ба сегонаи асосии таҳвилгарони молу маҳсулот ба Тоҷикистон ба шумор рафта, аз рӯйи ин нишондиҳанда танҳо Русия ва Қазоқистон аз ӯ пешсафанд. Соли 2020 аз Чин ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 440 млн доллар молу маҳсулот ворид карда шуд, ки 14% аз ҳаҷми умумии воридотро ба ҷумҳурии мо дар соли гузашта ташкил медиҳад.
Дар муқоиса бо соли пешин (соли 2019) соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Чин қариб ба андозаи 20% поин рафт.
Тоҷикистон аз Чин асосан маҳсулоти ғайриозуқа: масолеҳи сохтмон, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, сарулибос, техника ва таҷҳизоти гуногун ва ғайра ворид мекунад.
Молу маҳсулоти бештар муҳим (маводи сӯзишворӣ, гандум ва ғайра) аз Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистн оварда мешаванд, ки соли гузашта ҳар ду ин кишвар наздики 55% аз ҳаҷми умумии воридотро ба кишвари мо таъмин карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Даргузашти "Суқрот"-и тоҷик дар Душанбе
Тоҷикистон даъват кард, ки дар пасманзари биёбоншавии ҷаҳонӣ пиряхҳо ҳифз шаванд
“Беҳтарин ҳамсар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон бо гумони даст доштан дар куштори генерали рус Игор Кириллов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста