Сардори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 27 июл изҳор намуд, ки танҳо барқарор намудани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам бо Русия ба паст кардани нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба ин кишвар кумак мекунад.

Дар ҳоли ҳозир, нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба шаҳрҳои Русия аз Самарқанд, Тошканд, Ош ва Бишкек нисбат ба мо ду маротиба арзонтар аст. Аз ин рӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон барои расидан ба шаҳрҳои Русия аз фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя истифода мекунанд.

Ба гуфтаи Субҳонзода, қабл аз пандемия дар як ҳафта ба шаҳрҳои Русия то 34 парвози мунтазам анҷом дода мешуд.

Ҳоло бошад, ҳамагӣ чор парвози мунтазам амал мекунад. Танҳо ду парвози ширкати "Сомон Эйр" ва ду парвози "ЮтЭйр" бо сарбории пурраи мусофирон анҷом дода мешавад.

“Дигар парвозҳо ба шаҳрҳои Русия чартерӣ мебошанд. "Сомон Эйр" ба шаҳрҳои Русия бо сарбории яктарафа парвоз карда, аз он ҷо шаҳрвандони Тоҷикистонро мегирад. Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия низ ҳамин гуна амал мекунанд. Онҳо фақат аз ин ҷо мусофиронро мебаранд. Мутаносибан, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ лозим меояд, ки тамоми хароҷотро аз ҳисоби мусофиргирии яктарафаи ҳавопаймо бароранд", - мегӯяд Субҳонзода.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон омода аст ба реҷаи қаблии кор баргардад. Дархости барқарор кардани парвозҳои мунтазам ба сохторҳои марбутаи Русия фиристода шуда, аммо то ҳол маъқул дониста нашудааст.


Ба гуфтаи роҳбари Агентӣ, пеш аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам, тамоми давлатҳои ҷаҳон ба вазъи эпидемиологии кишвар ва шумораи шаҳрвандони ваксинагирифта таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Ба ин тариқ, бо гирифтани воя (доза)-и ваксинаи худ аҳолӣ метавонад ба барқароршавии парвозҳои мунтазам кӯмак кунад.

Мушкилоти дигари нархи баланди чиптаҳои ҳавопаймо сӯзишвории гаронбаҳои авиатсионӣ  (40% аз арзиши умумии чипта) ва инчунин хароҷоти нигоҳдориву хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо мебошад.

Ба ҳар ҳол, даромад ба даст овардан муяссар шуд

Дар ҳамин ҳол, нимсолаи аввали солро бахши авиатсияи тоҷик дар вазъи нисбатан даромаднок ҷамъбаст намуд. Дар зарфи 6 моҳи соли равон фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба 517,6 ҳазор мусофир хизмат расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,4 ҳазор нафар зиёдтар аст.

Дар ин давра даромади ширкатҳои авиатсионӣ 742,2 млн сомониро ташкил дод, ки 215 млн сомонӣ зиёдтар нсбат ба соли гузашта аст.

Аз ин маблағ 241,1 млн сомонӣ - даромади тамоми фурудгоҳҳо дар нимсолаи аввал, 412,8 млн - даромади ширкати “Сомон Эйр” ва 30,1 миллион сомонӣ - даромади ширкати “Аэронавигатсия” мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.