Моҳи сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 17,1 млн доллар неруи барқ содир кард, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, аз оғози сол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 100 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст, ки 11,5% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.
Ҳиссаи неруи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 6%-ро ташкил дод.
Мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (май-август) - ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.
Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар - то 40 МВт кам карда мешавад.
Аммо маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки дар муқоиса бо моҳи август маблағи содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи сентябр ҳамагӣ ба андозаи 5,5% - аз 18,1 млн то 17,1 млн доллар кам шудааст.
Мувофиқи қарордҳои имзошуда соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.
Аввали моҳи августи соли ҷорӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ширкати энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон аз истифодаи барқ 28 млн доллар ба ширкат қарздор аст. Сабаби пайдо шудани қарзро ӯ бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дод.
Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳоти Тоҷикитсон аз аввали даҳаи охири моҳи сентябр ба маҳдудияти интиқоли неруи барқ дучор мешаванд.
ШСХК “Барқи тоҷик” ҳафтаи гузашта дар муроҷиати худ ба истеъмолгарон маҳдудияти истифодаи барқро камбуди захираҳои об дар робита ба камобӣ, инчунин баргузории корҳои таъмиру навсозӣ маънидод кард.
Тавофуқ ҳосил шуд. Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба синамоҷашнвораи “МО” меравад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хостори барқарор кардани рафтуомад ба Русия тариқи қатораву автобус шудааст
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Рухсатнома барои боркашонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бекор шуд
Вазорати энергетика: 80%-и ҳодисаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба об марбутанд
Эрон низ сафирашро дар Афғонистон нав кард
4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард
Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ Тоҷикистон соҳиби 7 медал шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста