Раванди бемайлон беқурбшавии асъори миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари амрикоӣ дар даҳаи дуюми моҳи ҷорӣ идома ёфт.

Мувофиқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, сомонӣ аз 10 феврал то имрӯз (21 феврал) нисбат ба доллар қариб 3% - аз 10,38 сомонӣ то 10,68 сомонӣ барои 1 доллар арзон шуд.

Аз оғози соли равон пули миллии Тоҷикистон дар баробари доллари ИМА ба андозаи 4,7% беқурб шуд.

Ҳамчунин сомонӣ нисбат ба ду асъори дигари захиравии ҷаҳон - евро ва юан, ки аз соли 2022 ба сохтори захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон шомил шудаанд, низ беқурб шуд.

Айни замон доллари ИМА, евро, йенаи Ҷопон ва фунт стерлинг асъори захиравии ҷаҳон эътироф шудаанд. Баъзан ба ин рӯйхат юани Чин, франки Швейтсария, доллари Канада ва доллари Австарлия дохил мешаванд. То соли 1999 ба ҷойи евро маркаи Олмон ва франки Фаронса асъори захиравӣ дониста мешуданд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба евро аз 1 январи соли ҷорӣ ба андозаи 4,5% (аз 10,92 сомонӣ то 11,41 сомонӣ барои 1 евро) ва юан - 4,7% (аз 1,49 сомонӣ то 1,56 сомонӣ барои 1 юан) поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, рубли Русия пас аз беқурбшавии начандон зиёд нисбат ба пули миллии Тоҷикистон дар давоми даҳаи аввали моҳи феврал ба мавқеъҳои моҳи январ баргашт.

Дар рӯзи 1 январ 1000 рубл ба 144,2 сомонӣ, 10 феврал - 142 сомонӣ ва имрӯз - ба 144,8 сомонӣ иваз мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи ин асъорҳо таври ғайримаъмулӣ мустаҳкам шуд.

Ба ин тариқ, қурби расмии сомонӣ нисбати доллар ба андозаи 9,4%, евро - 14,8%, юан - 16,2% ва рубл - 3,7% боло рафт.

Маъмултарин асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон доллари амрикоӣ боқӣ монд. Аммо дар натиҷаи гузариши Тоҷикистону Русия дар тиҷорати дуҷониба дар соли 2022 аз доллар ба рубл, талабот ба пули ИМА дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Дар бозори асъори Тоҷикистон камбуди рубл вуҷуд надорад, ба мисле, ки бо доллар буд, зеро пули Русия ҳамарӯза ба миқдори зиёд тавассути интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад.

Маблағи интиқол бо рубл дар Тоҷикистон тибқи дастури Бонки миллӣ аз соли 2016 танҳо бо сомонӣ ва мубодилаи он бо қурби замони гирифтани пул дода мешавад. Мутаносибан, чӣ қадре, ки қурби рубл нисбати сомонӣ болотар бошад, ҳамин қадр бештар оилаҳои муҳоҷирони корӣ пул мегиранд ва баръакс.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.