Ҳукумати Тоҷикистон аз Бонки осиёии рушд (БОР) дархост намудааст, ки шакли дастгирии молиявиро ба ҷумҳурӣ бозбинӣ кунад.
“Ҳамаи кумаке, ки айни замон Тоҷикистон мегирад, дар шакли грантҳо пешниҳод мешавад”, - иброз дошт ба “Азия-Плюс” директори генералии БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков.
Ба гуфтаи ӯ, аз як тараф ин хуб аст, лекин аз ҷониби дигар, ин маънои онро дорад, ки ҳаҷми кумакҳо маҳдуданд.
“Ҳукумати Тоҷикистон масъала ба миён гузоштааст, ки ин тарзи пешниҳод бознигарӣ шавад, то ки ҷумҳурӣ натанҳо дар шакли грант, балки дар шакли қарзҳо ҳам маблағ гирифта тавонад”, - иброз дошт Жуков.
Номбурда шарҳ дод, ки БОР кумаки молиявиро бар асоси таҳлили муштараки устувории қарзи хориҷии кишвар аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод мекунад.
“Агар тамоюли мавҷудаи коҳиши қарзи беруна нисбат ба ММД идома ёбад, ояндаи наздик шакли пешниҳоди кумак бознигарӣ мешавад”, - илова намудааст Евгений Жуков.
Ёдрас мекунем, ки аз соли 2018 Бонки осиёи рушд ба Тоҷикистон танҳо дар шакли кумаки бебозгашт ёрии молиявӣ мерасонад. Намояндагони Бонк инро ба сарбории қарз ба ҷумҳурӣ маънидод мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазорати молияи кишвар, таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) аз 50% дар оғози соли 2020 то ба 33,3% то 1 январи соли 2023 коҳиш ёфтааст.
Қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ба 1 январи соли равон 3 млрд 288,3 млн долларро ташкил дод, ки ба 28,5% нисбат ба ММД баробар аст.
Тибқи маълумоти расмӣ, тайи соли ахир ҳаҷми қарзи беруна 15,4 млн доллар кам шуда, рушди воқеии ММД 8%-ро ташкил дод. Ҳаҷми номиналии ММД дар соли 2022 ба миқдори 16 млрд сомонӣ (1,5 млрд доллар) афзуд.
Бино ба маълумоти ахири дастрас, ҳаҷми қарзи дохилии кишвар (ба ҳолати 1 июли соли 2022) 500 млн долларро ташкил додааст, ки ба 4,7% нисбат ба ММД баробар аст.
Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳаҷми умумии кумакаш зиёда аз 2,5 млрд долларро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ беш аз 1,9 млрд доллар ба сифати грант дода шудааст.
Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба се самти афзалиятнок асос меёбад: ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ ва мусоидат ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба соҳаҳои иқтисод.
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста