Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) интизорӣ доранд, ки соли равон рушди иқтисоди Тоҷикистон 7,9%-ро ташкил хоҳад дод.
Дар ин бора дар Пешгӯии навшудаи макроиқтисодии Бонк дар давраи солҳои 2023-2025 барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзи 1 июн нашр шуд, маълумот дода мешавад.
Ба ақидаи коршиносон, ба ин талаботи дохилии зиёд дар бозори истеъмолӣ ва афзоиши савдои мутақобила мусоидат мекунад.
“Пешгӯӣ дар соли 2023 барои ҳамаи давлатҳои узви Бонк беҳтар шуд. Натиҷаҳои аввали соли ҷорӣ дар пасманзари хеле зуд мутобиқшавии иқтисодҳои минтақа ба шароитҳои дар соли 2022 тағйирёфтаи фаъолият ва дастгирӣ аз ҷониби сиёсати андозу буҷет дар як қатор кишварҳо аз ҷумлаи омилҳои асосии бозбинии пешгӯӣ мебошанд”, - менависанд таҳлилгарон.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 коршиносон рушди ММД дар Осиёи Марказиро дар маҷмӯъ 1,5% интизорӣ доранд.
Ҳамзамон, таҳлилгарони Бонк пешгӯӣ мекунанд, ки то охири соли 2023 коҳишёбии умумии таваррум дар минтақа то 6,4 фоизро ташкил хоҳад дод.
Омилҳои асосӣ мутобиқшавии иқтисодҳо ва барқароршавӣ аз зарбаи аввали соли 2022 хоҳанд буд, ки ҳангоми поинравии босуръати арзиш ва интизориҳои таваррумӣ мушоҳида мешуд.
Тибқи сенарияи заминавӣ, то охири соли 2023 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,6% пешбинӣ шудааст.
Ба ақидаи муаллифони гузориш, коҳиши пешбинишудаи таваррум барои коҳиши меъёрҳои калидӣ аз ҷониби бонкҳои марказӣ (миллӣ)-и аксари кишварҳои минтақа дар давраи миёнамӯҳлат замина фароҳам меорад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки қурби арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ нисбат ба доллар дар соли ҷорӣ 10,8 сомонӣ (барои 1 доллар) хоҳад буд.
Бонки авруосиёии рушд (БАОР) - созмони байнулмилалии молиявиест, ки ба фаъолияти сармоягузорӣ дар паҳнои АвруОсиё машғул аст. Аллакай 16 сол инҷониб БАОР ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин рушди ҳамаҷонибаи кишварҳои узви Бонк - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мусоидат менамояд.