Даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 1 млрд сомонӣ (92 млн доллар)-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда 6,2% ё худ 58,9 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Даромади операторони хусусӣ беш аз 937,2 млн сомонӣ ё худ ҳудуди 86 млн долларро ташкил додааст, ки 3,9% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи семоҳаи якуми соли 2023 аст.

Даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа 57% - аз 40,6 млн сомонӣ дар семоҳаи аввали соли гузашта то ба 63,6 млн сомонӣ афзудааст.

То 1-апрели соли ҷорӣ шумори корбарони Интернет 4,2 млн нафар ва муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ 6,7 млн нафарро нафарро ташкил додааст.

Дар радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернети мобилӣ тибқи маълумоти моҳи апрели соли 2024, Тоҷикистон байни 144 кишвари саросари дунё зиёнаи 140-умро ишғол мекунад. Аз лиҳози суръати интернети сабтшудаи васеъхат ҷумҳурӣ миёни 181 кишвар дар мақоми 129-ум қарор дорад.

Қазоқистон аз рӯи ин нишондиҳандаҳо мутаносибан зинаҳои 66 ва 99-ум, Ӯзбекистон - 88 ва 89-ум ва Қирғизистон - зинаҳои 90 ва 95-умро ишғол кардаанд.

Дар радабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯи нархи интернет (Worldwide mobile data pricing) Тоҷикистон бо нархи 1,65 доллар барои 1 Гб зинаи 142-юмро ишғол мекунад.

Нархи нисбатан пасттар дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон (0,11 доллар) ба қайд гирифта шудааст, ки аз рӯи ин нишондиҳанда зинаи 8-умро дар ҷаҳон ишғол мекунад. Ӯзбекистон (0,30 доллар)  дар мақоми 22-юм ва Қазоқистон (0,41 доллар) дар зинаи 35-ум қарор гирифтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.