Директори иҷроияи Фонди аврусоиёии субот ва рушд (ФАСР) Андрей Широков изҳор намуд, ки айни замон лоиҳаҳо ба маблағи умумии змиёда аз 500 млн доллар дар баррасии Фонд қарор доранд ва ин ниҳод омода аст, ки ин маблағҳоро ҷудо кунад.
Андрей Широков имрӯз, 10 июн дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард.
Широков илова намуд, ки ин лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетикаву нақлиёт ва тандурустӣ буда, аммо мушаххасан аз онҳо ном набурд.
Дар кори ҷаласа аъзои ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагони ниҳодҳои баййнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ҳузур доштанд.
“Тоҷикистон кишвари муассиси ФАСР мебошад. Фонд мутобиқи Стратегияи миёнамуҳлат, аз афзалиятҳои миллии рушд дастгирӣ мекунад. Сандуқи лоиҳаҳои ФАСР, ки дар ҷумҳурӣ амалӣ шудаанд ё мавриди амал қарор доранд, 500 млн долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла корҳои таъмиру навсозӣ дар НБО “Норак”, таъмиру навсозии низомҳои обёрӣ, барномаи пешгирии бемории аҳолӣ дар мавзеъҳои дурдасти “Корвони солимӣ”, дастгирии буҷет дар давраи пандемияи COVID-19, хароҷоти иҷтимоӣ ва ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ”, - зикр кард Широков.
Иштирокчиёни ҷаласа ҷараёни татбиқи Стратегияи рушди Тоҷикистонро то соли 2030 баррасӣ карданд. Стратегия самтҳои асосии рушди давлатро муайян карда, ба таҳкими асосҳои рушди боэътимод ва устувор, дарёфти имконоти нав барои рушди иқтисод мутобиқи таҳдиду чолишҳои нав нигаронида шудааст.
Фаъолияти ФАСР ба татбиқи Стратегияҳо оид ба бисёр афзалиятҳо ва самтҳо бо шумули мусоидат ба дастгирии устувории макроиқтисодӣ, тақвияти имконоти ниҳодӣ, таҳкими зерсохтори заминавӣ дар соҳаҳои энергетикаву нақлиёт, бахши об, беҳбуди сифат ва дастрасӣ дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ равон шудааст.
Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) механизми минтақавии молиявӣ бо ҳаҷми зиёда аз 9 млрд доллар мебошад, ки соли 2009 аз ҷониби давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Мусоидат ба устувории иқтисодӣ ва молиявӣ дар кишварҳои узви Фонд, инчунин даастгири онҳо дар самти таъмини рушди устувор аз ҳадафҳои ФАСР унвон мешаванд.