Дар шаҳри Бохтар сохтмони корхонаи коркарди партовҳои пластикӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз, 1 август зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Бохтар Абдумаҷид Муминзод хабар дод.

“Имрӯз мушкили партовҳо дар шаҳр хеле ҷиддӣ шуда, мо бо душворӣ ин масъаларо ҳал карда истодаем ва метавон гуфт, ки зери назорат гирифтем. Мувофиқи таҳлили мо, 50%-и партовҳо аз пластика иборат аст. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки дар шаҳр корхонаи коркарди партовҳои пластикӣ созем”, - гуфт ӯ.

Ба ақидаи шаҳрдори Бохтар, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона, ҳалли мушкили партов дар шаҳр осонтар мешавад.

“Мутахассисон зиёда аз як моҳ ин масъаларо ҳатто то ҳаҷми ҳамарӯзаи партовҳои пластикӣ омӯхтанд. Лоиҳаи сохтмони корхона аллакай таҳия шуда, арзиши он 1 млн долларро ташкил медиҳад”, - зикр кард Абдумаҷид Муминзод.

Ӯ илова намуд, ки шаҳрдорӣ инчунин дигар лоиҳаҳо оид ба сохтмони корхонаҳои коркардаи навъҳои гуногуни партовҳоро баррасӣ мекунад.

Қаблан дар “Корхонаи коммуналӣ”-и Бохтар хабар дода буданд, ки дар шаҳр аз мошинҳои партовкашонӣ ва дигар техникаи махсус дар ин соҳа норасоӣ ба мушоҳида расида, бинобар ин, корхона саривақт  ба баровардани партовгоҳ аз шаҳр фурсат намеёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.