Тоҷикистон имрӯз каме бештар аз 21%-и талаботи аҳолиро бо равғани растанӣ қонеъ мекунад. Барои зиёд кардани иқтидорҳои истеҳсоли ин маҳсулот ашёи хом намерасад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 1 август вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир хабар дод.

Мувофиқи меъёрҳои истеъмоли ғизо, барои таъмини аҳолии Тоҷикистон ҳамасола зиёда аз 150 ҳазор тонна равғани растанӣ лозим аст. Иқтидори 72 корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 25-30 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.

Айни замон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд корхонаҳои истеҳсоли равған бо таҷҳизоти муосир кор мекунанд. Аммо аксари корхонаҳои истеҳсоли равғани пешина ба таъмиру навсозии хатҳои истеҳсолӣ ниёз доранд.

Тоҷикистон дар давоми солҳои наздик ният дорад, ки истеҳсоли равғани растаниро ба миқдори 20% зиёд карда, воридоти онро 7% кам кунад.

“Барои истеҳсоли 100 ҳазор тонна равған ҳудуди 883 ҳазор тонна тухмии зироатҳои равғандор лозим аст, - гуфт Шералӣ Кабир. - Тоҷикистон бошад, ба истеҳсоли ин миқдор ашёи хом имкон надорад”.

Бино ба маълумоти омории Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, майдони кишти пунбадона ва зироатҳои равғандор дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор гектарро ташкил дода, ҳосили ҳарсолаи пахта зиёда аз 420 ҳазор тонна ва дигар зироатҳои равғандор, аз қабили офтобпараст, кунҷит, зағир, рапс, арахис ва сафлор дар умум ба 100 ҳазор тонна намерасад. Аз ин миқдор ҳосили зироатҳои равғандор то 25 ҳазор тонна равған истеҳсол кардан мумкин аст.

Бино ба арзёбии коршиносон, Тоҷикистон ҳамасола барои хариди равғани растанӣ ҳудуди 170-180 млн доллар сарф мекунад. Он ба кишвар асосан аз Русия ва Қазоқистон оварда мешавад. Соли 2023 ба ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 172 млн доллар равғани растанӣ ва чарбу ворид карда шуд. Маҳсулоти асосӣ дар воридоти моли ин гурӯҳ маргарин, равғани офтобпараст, равғанҳои растании сафлор, пахта, лӯбиё, рапс ва дигар навъҳои равғани растанӣ мебошанд.

Нархи як килои равғани воридшуда 1,1-1,6 долларро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон барои истеҳсоли равған дар дохили кишвар ба миқдори начандон зиёд зироатҳои равғании зағир, офтобпараст ва дигар зироатҳо мехарад.

Ба гуфтаи Шералӣ Кабир, Тоҷикистон ният дорад, ки бо Қазоқистон дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли равғани растанӣ ба мувофиқа расад.

Соли гузашта дар ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон дар Остона масъалаи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли равғани растанӣ баррасӣ шуд. Дар ин корхона аз ашёи хоми ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қазоқистон, ки дар ин ҷо зироатҳои равғандор бештар парвариш меёбанд, истифода хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.