Аз рӯи натиҷаҳои форуми тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон, ки рӯзи 3 май дар Остона доир гардид, ба маблағи 1,8 млрд доллар қарордодҳо ба имзо расиданд. Аз се як ҳисса - зиёда аз 600 млн доллари он ба қарордодҳои вобаста ба зироати ғалладона марбут аст. Дар ин бора зимни брифинги чанде қабл сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов хабар додааст.
Қазоқистон таъминкунандаи асосоии Тоҷикистон бо орду гандум аст. Дар баробари ин, барои зиёд кардани содироти равғани растанӣ, макарон, маҳсулоти ширӣ ва маснуоти қаннодӣ низ захираҳо мавҷуданд.
Дар навбати худ Қазоқистон низ ба воридоти мунтазами меваю сабзавот аз Тоҷикистон манфиатдор аст. Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев низ зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон, сарвари давлати Тоҷикистон ба Остона изҳори назар карда буд.
Дар натиҷаи гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дурнамои таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсол, коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзиро баррасӣ мекунанд.
Бунёди корхонаҳои муштараки ордбарорӣ, корхонаҳои истеҳсоли маснуоти қаннодӣ ва равғани растанӣ, коркарди маҳсулоти чорводорӣ аз ҷумлаи ин лоиҳаҳои муштарак арзёбӣ мешаванд.
Дар вилояти Суғд кайҳост, ки якчанд ширкати муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъолият доранд. Яке аз онҳо ҶДММ «Зерновая Компания» аст, ки соли 2007 бо қарори маҷлиси муассисони ҶДММ “Казахско-Таджикская зерновая компания” (Ширкати ғалладонаи Қазоқистону Тоҷикистон) таъсис ёфтааст.
Ҳукумати Қазоқистон масъалаи тадриҷан коҳиш додани содироти ғалларо баррасӣ дошта, ба фурӯши маҳсулоти коркарди ғалла дар дохили кишвар, аз ҷумла орд ба кишварҳои дигар манфиатдор мебошанд.
Қаблан истеҳсолкунандагони ғалла дар Қазоқистон аз он ки Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон харидории ордро коҳиш ва ҳаҷми воридоти ғаллаи Қазоқистонро афзоиш доданд, норозигӣ изҳор карданд. Аз ҳисоби Қазоқистон корхонаҳои ордбарорӣ сохта, бозорҳои сердаромади Афғонистонро бо орд таъмин мекунанд. Дар натиҷа корхонаҳои истеҳсоли орди Қазоқистон бозорҳои фурӯшро аз даст дода, зиён мебинанд.
Тоҷикистон воридоти ордро аз 460 ҳазор тонна (соли 2007) ба 95 ҳазор тонна (2020) коҳиш дод. Тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, ҷумҳурӣ ният дорад, воридоти ордро то 48 ҳазор тонна кам карда, воридоти гандумро ба 334 ҳазор тонна расонад.
Иқтисодиёти ду кишвар якдигарро пурра мекунанд
Дар Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 800-900 ҳазор тонна гандум парвариш карда мешавад, ки беш аз 40 дарсади талаботро қонеъ мекунад.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат, иқтидори корхонаҳои истеҳсоли орд дар Тоҷикистон метавонад талаботи дохилиро ба ин маҳсулот пурра қонеъ карда, ҳамчунин онро қисман ба бозорҳои хориҷӣ интиқол диҳад.
Коршиносон мегӯянд, таъсиси корхонаҳои коркарди зироати ғалладона дар Тоҷикистон бо ширкатҳои Қазоқистон ба нафъи ҳарду кишвар хоҳад буд. Ба ақидаи онҳо, Қазоқистон транзити арзони воридоти ордро ба Афғонистон дарёфт хоҳад кард. Дар муқоиса бо Қазоқистон ин ҷо ҳам қуваи корӣ ва ҳам барқ арзон аст. Тоҷикистон шумораи ҷойҳои кориро зиёд карда, нархи ордро мӯътадил нигоҳ дошта метавонад ва ҳамчунин ба содироти орди истеҳсоли худ ба Афғонистон имкон пайдо мекунад.
Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли равғани растанӣ низ ба манфиатҳои ҷонибҳо мувофиқ аст. Имрӯз Тоҷикистон талаботи худро ба равғани растанӣ 20% қонеъ мекунад. Ҳаҷми зиёди равғани офтобпарастро Қазоқистон медиҳад.
Дар Тоҷикистон ашьёи хоми асосии истеҳсоли равған пахта, нисбатан камтар зироатҳои равғандор, аз қабили: кунҷит, сафлор, арахис ва гайра мебошад.
Дар сурати коркарди бештари пахта дар дохили ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли равғани растаниро низ зиёд кардан мумкин аст.
Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2025 истеҳсоли равғани растаниро аз 23 ҳазор тонна то 30 ҳазор тонна дар як сол расонад. Корхонаи муштарак метавонад аз ашьёи хом ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Қазокистон, ки дар ин ҷо бештар зироатҳои равғандор парвариш меёбанд, истифода барад.
Ба гуфтаи сафири Қазоқистон Валихон Туреханов, иқтисоди ҳарду кишвар бо ҳам рақобат накарда, балки ҳамдигарро пурра мекунанд. Вай аз интиқоли сабзавоту меваи барвақтии Тоҷикистон ба Қазоқистон ва зироати ғалладонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон мисол овард.
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. Куҷо рафт ва чиҳоро ифтитоҳ кард?
Дар Тоҷикистон 255 мактаб дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода қарор доштааст
Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд
Боздошти духтари 19-сола барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста