Тоҷикистон барои ҳадафҳои шаҳрвандӣ ҳавопаймоҳои бесарнишин тавлид хоҳад кард. Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дирӯз, 1-уми август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
“Технологияи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин сода буда, ҷузъҳои онро ширкатҳои ватанӣ месозанд” – таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи вазир, бесарнишинҳои истеҳсолшуда дар соҳаҳои геология, геодезия, кишоварзӣ, топография, нақлиёт, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ истифода мешаванд.
Моҳи июни соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи рушди ҳавопаймоҳои бесарнишинро барои давраи то соли 2024 тавсиб кард, ки тибқи он кишвар ҳавопаймоҳои бесарнишини низомии худро таҳия ва мутахассисонро барои идора кардани онҳо омода мекунад.
“Ҳар як давлати соҳибистиқлол вазифадор аст, ки барои таҳкими иқтидори амниятии худ чунин дастгоҳҳоро истеҳсол кунад. Мо низ ин намуди саноатро инкишоф медиҳем” – қайд кард Шералӣ Кабир.
Ҳамчунин ӯ илова кард, “истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин чун истеҳсоли мошинҳои барқӣ ба соҳаи мошинсозӣ дохил мешавад. Тоҷикистон қасд дорад якҷо бо ширкатҳои чинӣ истеҳсоли мошинҳои барқиро низ ба роҳ монад. Барои ин мо тамоми захираҳоро дорем - иқтидори бузурги энергетикӣ ва захираи литий”, – гуфт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, дар наздиктарин фурсат дар заминаи кони литий, ки дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ аст, истихроҷи маъдан ва коркарди он шуруъ мешавад.
Соли гузашта ҶДММ “Авесто групп” ва ширкати хитоии “Ҷинчуен” дар бораи таъсиси корхонаи тавлиди мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори 1500 мошин дар як сол ёддошт ба имзо расониданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар соҳаи саноати мошинсозӣ, ҳарбӣ ва кимиё ба маблағи тақрибан 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба давраи қиёсӣ 300 миллион сомонӣ бештар аст. Афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар ин соҳаҳо 18,2 фоизро дарбар мегирад.
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста