Дар зарфи 7 моҳи соли 2024 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 230,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 208,2 ҳазор тонна гази моеъ, 21,6 тонна кокси нафтӣ ва 477 тонна равғанҳои молиданӣ ворид карда шуд.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ёдрас мешавад, ки 22 август дар доираи сафари давлатии президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ ба имзо расид.

Гуфта мешавад, дар доираи ин санад Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи нафту газ, хусусан дар соҳаи иктишоф, истихроҷ, минтақаҳои нафту газ, интиқоли нафти хом ва маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон тақвият медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Қазоқистон таъминкунандаи асосии гази моеъ ба Тоҷикистон буда, ҳиссаи он дар таъмини талаботи бозори дохилӣ 94 фоизро ташкил медиҳад.

Ширкатҳои воридкунандаи ин навъи сӯзишвориии Тоҷикистон онро асосан аз бузургтарин истеҳсолкунандаи Қазоқистон — «Тенгизшевройл» (ТШО) ва бо ҳиссаи камтар аз дигар ширкатҳо мехаранд.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ба воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ ширкатҳои «Темур Ойл», «Аллат», «Октан сервис», «Ирисс», «Газпромнефт Тоҷикистон», «Эмом импорт экспорт» ва боз 11 ширкати дигар машғул мебошанд.

Моҳи июл дар Душанбе норасоии шадиди гази моеъ эҳсос мешуд, ки бо сабаби нисбатан арзон буданаш, ба навъи сӯзишвории аз ҳама серталаб барои автомобилҳо дар ҷумҳурӣ табдил ёфтааст.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон охири моҳи июл аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки дар мавриди тағйири нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯш нигарон набошанд, зеро ин масъала таҳти назорати мақомоти ваколатдор қарор дорад.

Дар изҳороти вазорат гуфта мешуд, ки "баъзе маҳдудиятҳо" дар фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯш ба риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар шароити ҳарорати баланди ҳавои тобистон вобаста аст.

Илова бар ин, дар Вазорати энергетика зикр карданд, ки дар корхонаҳои истеҳсоли гази моеъ дар кишварҳои содиркунанда дар фасли тобистон корҳои таъмиру барқарорсозӣ гузаронида мешавад, ки ин низ ба интиқоли сӯзишворӣ таъсир мерасонад.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, гази моеъ ба рӯйхати молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим (19 номгӯй) ворид шудааст, ки нархҳои онҳо таҳти назорати мақомоти зиддиинҳисорӣ қарор доранд, ҳарчанд ширкатҳои ҳукмрон ё бартаридошта (монополист) дар ин бозори молӣ вуҷуд надоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.