Душанбе. 1-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Мардуми бисёре аз нуқоти ҷахон имрӯз гирифтагии комили хуршедро мушоҳида хоҳанд кард.
Бо қарор гирифтани моҳ дуруст бар руйи хатте фарзи миёни хуршед ва замин сояе тира бар сатҳи курра хоҳад афтод.
Гирифтагии офтоб дар манотиқи қутбии Канадо оғоз хоҳад шуд ва дар минтақаи Ҷоддаи Абрешим дар шимоли Чин поён хоҳад ёфт. Онро дар Тоҷикистон низ метавон мушоҳида кард. Бахшҳое аз шимоли Русия барои ду дақиқаву 27 сония торик хоҳад буд, аммо Бритониё дар соъати даҳху шонздаҳ дақиқа ба вақти расмии ин кишвар танҳо як гиифтагии ноқисро шоҳид хоҳад буд.
Ин гирифтагии ноқисро дар саросари Аврупо, Осиё ва Омрикои Шимолӣ метавон дид. Чунонки ҳар бор ба ҳангоми гирифтагӣ расм аст, ҷаҳонгардон ва мунаҷҷимони ҳирфаӣ ва ҳавасманд ба беҳтарин нуқоти чашмрас дар масири хуршедгирифтагии комил сарозер шудаанд.
Дар Новосибирскк, пойтахти фарҳангӣ ва илмии Сибир, беш аз панҷ ҳазор ҷаҳонгарди хориҷӣ дар шаҳр таҷаммӯъ хоҳанд кард. Гирифтагии комил маъмулан ҳар 18 моҳ як бор ва ҳамеша ҳангоми моҳи нав иттифоқ меуфтад.
Мадори моҳ нисбат ба мадори замин (ба даври хуршед) каме инҳироф дорад, бино бар ин сояи моҳ банудрат рӯйи замин меуфтад, падидае, ки аз нуқтаи назари заминиҳо ба сурати хуршедгирифтагӣ ҷилва мекунад. Дар мавриди гирифтагии имрӯза, аз нуқтаи назари касоне, ки дар Лондон ҳастанд, ҳадди аксар 12 дарсади сатҳи хуршед пӯшида хоҳад шуд.
Аммо дар арзҳои ҷуғрофиёии болотар вазъ беҳтар аст ва масалан дар Лервик, дар ҷазоири Шетланд, хуршедгирифтаги 36 дарсад хоҳад буд. Ахтаршиносон ба мардум ҳушдор медиҳанд, ки нигоҳ кардан ба хуршед бидуни абзори муҳофизати ҳатто дар мавриди хуршедгирифтагии ноқис метавонад ба сӯхтагии шабакия ва осеби доимии чашм ва кӯрӣ мунҷар шавад. Танхо бояд бо филтирҳои махсус ба хуршед нигоҳ кард ва ҳатто
айнаки офтобӣ низ барои ин кор муносиб нест.
Имтиёзҳои андозӣ ба корфармоҳое, ки шахсони дорои маъюбиятро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатии дурӯза ба Қирғизистон меравад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста