Душанбе. 7-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Шаби гузашта дар натичаи сӯхтор дар ҳудуди пойтахт 1 нафар ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» чанд дақиқа пеш масъули Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ Кароматулло Абдуллоев хабар дод, сӯхтор дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Татяна Аъзамоваи 51-сола, воқеъ дар кӯчаи Федина 26 ҳуҷраи 19, соати 20-и шаби гузашта ба амал омад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз дуди ғализ соҳибхоназан Аъзамова фавт кардааст. «Тафтишот оид ба муайян намудани сабабҳои сар задани сӯхтор, ки 15 метри мураббаъро фаро гирифт,
феълан идома дорад», - гуфт Абдуллоев ва афзуд, ки бино ба маълумоти пешакии коршиносон, оташсӯзӣ дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии шамъ ба вуқӯъ омадааст.
Ба иттилои Кароматулло Абдуллоев, дар давоми ин ҳафта дар миқёси ҷумҳурӣ, 15 сӯхтор бо хисороти молии наздики 8 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шуд, ки масоҳати умумии онҳо беш аз 100 метри мураббаъро ташкил намуд.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста