Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистону Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамдастӣ бо департаменти гуманитарии Комиссияи Аврупо (ЕСНО) ба татбиқи лоиҳаи коҳиши хавфи офатҳои табиӣ шурӯъ мекунанд.
Чӣ тавре ки аз намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, рӯзи 24 апрел миёни Вазоарти маориф, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо мақсади амалисозии лоиҳа оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар соҳаи маориф Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи ЕСНО оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ аз ҷониби ин сохтори Комисссияи Аврупо маблағгузорӣ мегардад.
Дар маросими ба имзо расидани Ёддошт роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Ҳонгвей Гао изҳор дошт, ки бештар кӯдакон ба таъсири манфии офатҳои табиӣ гирифтор мегарданд, зеро онҳо ҳанӯз қобилияту таҷрибаи вокуниши зарурӣ ба онро доро нестанд. «Лоиҳаи мазкур ба ҳаёти беш аз 191 ҳазор аҳолии кишвар таъсири мусбӣ расонида, гузашта аз ин, баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ ва вокуниши кӯдакон ба офатҳои табиӣ ба онҳо кӯмак хоҳад расонд, ки натанҳо худ, балки дигаронро низ аз хатари офатҳои табиӣ наҷот диҳанд», - гуфт роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар ҶТ.



Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста