Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бар асари садамаи нақлиёт ду нафар сокинони вилояти Суғд ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояи Суғд хабар доданд, рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай», сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯъмон Бобоҷонов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинааш ба автомашинаи мутааллиқ ба сокини 52-солаи вилояти Хатлон Иззатулло Рустамов бармехӯрад.
Ба иттилои манбаъ, бар асари ин садама ронандаи «Хундай» ва мусофири он – сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муталӣ Раҳимов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. «Мусофири дигари ин автомашина сокини 27-солаи ҷамоати Унҷӣ Ҳусейн Латифов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба шифохонаи ноҳияи Варзоб мунтақил шудааст», - гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 207 ҳодисаи (ҳамин давраи соли 2011 – 222) садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 97 нафар (соли 2011 – 104 нафар) ҳалок ва 218 нафар (соли 2011 – 225 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.



Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста