Бонки Ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси давлати аз ҳама обсебпазир ба ҳолатҳои фавқулодда ва тағийроти иқлим дар Авруосиё арзёбӣ менамояд .

Ҷомеаҳои дурдасти баландкӯҳи Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ аз қабили: фурӯравии сел дар натиҷаи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, ярч (лағжиши замин), тарма ва заминҷунбӣ зуд-зуд дучор мешаванд. Бо мақсади коҳиш додани хавфу хатар ва баланд бардоштани қобилияти ҷомеа дар посухгардонӣ ба офатҳои табиӣ, ФОКУС дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ва бо дастгирии молиявӣ аз тарафи Департаменти Комиссияи Аврупо оид ба Кӯмакҳои Башардӯстона ва Муҳофизати Шаҳрвандӣ (ECHO) дар доираи Барномаи омодагӣ ба офатҳои табиии марҳилаи 7-ум (ДИПЕКО) аввали моҳи июн дар шаҳри Хоруғ дарси омӯзишӣ оиди «Гурӯҳи баҳодиҳӣ ва посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ» барои намояндагони сохторҳои давлатӣ ва аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор намуд.

Ин омӯзиши ҳафтрӯза 30 нафар намояндагони ташкилотҳои давлатї ва ғайридавлатиро гирдиҳам овард. Дар давоми омӯзиш диққати асосӣ ба баландбардории дониши иштирокунандагон оиди дарк намудани даврҳои идоракунии вазъиятҳои фавқулодда, банақшагирии ҳамкориҳои байнимуассисавӣ ҳангоми рух додани вазъиятҳои фавқулодда ва банақшагирию омодагӣ ба офатҳои табиӣ дода шуд. Чунин маҳорату донишҳо барои иштирокунандагон имконият медиҳанд, то ки онҳо боз ҳам беҳтар ба офатҳои табиӣ посух диҳанд ва бад-ин васила дараҷаи осебпазирии ҷомеаҳоро коҳиш диҳанд. Дарси омӯзишӣ аз тарафи Ҷеффери Кленк – мутахассиси дорои таҷрибаи 20-сола дар гузарондани омӯзишҳо оиди омодагӣ ва посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ, барои кормандони давлатӣ ва ғайридавлатӣ гузаронда шуд.

ФОКУС ташкилоти шарики иҷрокунандаи Барномаи ДИПЕКО буда, дар тӯли 10 сол фаъолиятҳои коҳиши хавфу хатар ва осебпазирӣ аз офатхои табииро дар зиёда аз 250 ҷомеаҳои осебпазир амалӣ менамояд. Фаъолиятҳои ФОКУС аз баҳодиҳӣ ба дараҷаи осебпазирии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ байни калонсолон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, иҷро намудани лоиҳаҳои хурди митигатсионӣ, омӯзиши ризокорон дар сатҳи ҷамоат, таъсиси гурӯҳҳои посухдиҳӣ дар мактаб ва ҳамчунин таъмини тақвияти қобилияти техникии муассисаҳои маҳаллӣ, ки бо идоракунии офатҳои табиӣ сару кор доранд, иборат мебошанд.