Муддати се рӯз аст, ки ҷасади ҷавони 18-солаи дар кӯли Варзоб ғарқшударо пайдо карда наметавонанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» шоҳидони ҳодисаи фоҷеабор хабар доданд, Абдурашид Абдуллоев рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар ин кӯл ғарқ шудааст, вале маъмурияти кӯл дар ихтиёри худ ҳатто қаиқе надорад, ки ба ҷустуҷӯ машғул гардад.

«Муддати се рӯз аст, ки маъмурияти кӯл ба партоби оби кӯл ва холӣ кардани он баҳри дарёфти ҷасад розӣ намешавад», - зикр кардан наздикони ҷавони ғарқшуда.

Ба қавли онҳо, кори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) низ қаноатбахш нест ва ҳатто тӯр барои ҷустуҷӯи ҷасадро низ худи онҳо овардаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба ин монанд ҳодиса дар дарёи Ромит низ рух дода, дар он шоми 31-уми июл Маҳина Бобомуродоваи 9-сола ғарқ шудааст. Ба ин ҳодиса КҲФ соати 12-и рӯзи дигар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ба иттилои наздикони ғарқшуда, наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса омада, ба пурсуҷӯи шоҳидони ҳодиса, аз ҷумла як кӯдаки хурдсол низ пардохта, ба ҷустуҷӯ оғоз накардаанд. Ҷасади кӯдак то ҳанӯз дарёфт нашудааст.

«Онҳо пурсиданд, ки шояд Маҳинаро касе ба дарё тела дода бошад? Ваъда доданд, ки ба дарё тӯр мегузоранд, вале ин корро то ҳол накардаанд», - гуфтанд наздикони Маҳина.

Ба қавли онҳо, шоми ҳамон рӯз падари Маҳина аз муҳоҷирати корӣ аз Русия омада, айни замон ҳамроҳ бо хешовандон ба ҷустуҷӯи ҷасади Маҳина машғул аст.

«Дар деҳаҳо мардон каманд, ҳамаи онҳо ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Ҷавонон, толибилмони мактабҳо ҳастанд, вале онҳо чӣ кӯмаке карда метавонанд», - мегӯянд хешовандон.

Дар ҳамин ҳол, корманди маркази матбуоти КҲФ Наргис Нурова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар кӯли Варзоб чор гурӯҳи ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ фаъолият доранд. «Он ҷо 14 гектар қитъаи замин буда, чуқурии кӯл 8 метр аст. Мо ният дорем, ки оби кӯлро партоб намоем», - иброз дошт ӯ.

Дар робита ба ҳодисаи фоҷеабор дар дарёи Ромит ӯ зикр кард, ки аз рӯзи рух додани ҳодиса кормандони маркази наҷотдиҳии Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд. «Маҷрои дарё хеле тез буда, барои ворид шудан ба он иҷозат нест, вале кормандони мо дар ҳамдастӣ бо сокинони деҳа ҷасади духтарчаро ҷустуҷӯ доранд. Барои дарёфти ҷасад то соати 11-и имрӯз шояд оби канали «Роҳатӣ»-ро бубанданд», - гуфт Нурова.