Як сокини Тоҷикистон ба дархости кормандони пулис бобати нишон додани ҳуҷҷатҳо ғайриоддӣ рафтор намуда, яке аз онҳоро лату кӯб намуд.

Тавре шабакаи телевизионии «360» хабар медиҳад, ин ҳодиса шоми рӯзи 18 октябр дар кӯчаи Рейсовая воқеъ дар ғарби шаҳри Маскав рух додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо ин шаҳрванди Тоҷикистон эродҳои кормандони пулисро нодида гирифта, вақте ӯро боздоштанӣ мешаванд, бо онҳо ба муноқишаву занозанӣ мепардозад. Ӯ чандин маротиба ба рӯйи сержанти 28-солаи пулис зарба задааст, ки дар натиҷа ба ӯ кумаки тиббӣ расонидаанд.

Гуфта мешавад, барои лату кӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванди Тоҷикистонро ҷарима интизор аст. Аз рӯи ин далел санҷиши хидматӣ гузаронида мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.