Сафорати Тоҷикистон дар Русия ному насаби 4 нафари тоҷикистониёни ҳалокшударо дар садамаи вилояти Саратови Русия эълон кард.

Дар натиҷаи садамаи нақлиёти шаби гузашта дар вилояти Саратови Русия 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шуданд. Синни онҳо аз 23 то 29 сола мебошад.

Тибқи маълумоти сафорат дар садама шахсони зерин ҳалок шудаанд:

1. Ҷӯраев Суннатулло Маҳмудович, 10.06.1996 с.т., зодаи ноҳияи Шаҳритӯс;

2. Амонов Шералӣ Маҳмадаливеич, 26.11.1988 с.т., зодаи ноҳияи Ҷайҳун;

3. Хидирзода Шерзоди Ашӯр, 11.07.1994 с.т., зодаи ноҳияи Панҷакент;

4. Бобомуродов Илҳомҷон Хайруллоевич, 16.12.1988 с.т., зодаи ноҳияи Шаҳринав.

«Шахсияти нафрвари панҷуми ҳалокшуда муайян карда мешавад, - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Боз шаш нафари аз ин садама ҷароҳатбардошта дар бемористонҳои шаҳри Саратов бистарӣ шуда, вазъи онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Рӯйхати шахсони дар бемористонҳо бистаришуда:

1.Зувайдуллоев Далер Маҳмадулоевич, 18.05.1988 с.т., зодаи ноҳияи Данғара.

2. Тӯраев Абдухолиқ Амоналиевич, 08.03.1998 с.т., зодаи ноҳияи Ёвон. 

3. Сулаймонов Ифтихорхӯҷа Маҳмадшарифович, 28.04.1981 с.т.

4. Рустамов Замирҷон, 12.08.1995 с.т.

5. Фаёзов Толиб Муҳаббатович, 16.04.1984 с.т.

6. Меликов Хуршед Имомқулович, 15.02.1998 с.т.

Сафорат дар ҳамдастӣ бо намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон пайи таҳқиқи ҳамаи ҳолатҳои рух додани садама буда, ба хешовандону наздикони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор мекунанд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ пайвандону нуздикони фавтидагону ҷароҳатбрадоштагон метавонанд бо телефонҳои зерин муроҷиат кунанд: дар Тоҷикистон 44 640 19 51; дар Маскав +7926 255 09 27; дар Саратов +7962 616 30 62.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.