Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар кӯҳҳои деҳаи Роғичи шаҳри Панҷакент ҷасади мардеро дарёфта, ҷустуҷӯи ҳамроҳи ӯ – Масеҳо Орзуеви 20-сола идома дорад.

Ҷасади сокини 30-солаи деҳаи Роғич Абудшафи Тиллоев ба наздикони пайвандонаш супурда шуд.

Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, онҳо рӯзи 14 январ ҳангоми ҷамъорварии хезум дар кӯҳ зери тарма мемонанд.

Як ҳафта пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор дода буд, ки бар асари боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ хатри тарамафароӣ ва сангреза эҳтимол дорад.

Ҳамин тариқ, аввали моҳи январ дар қаламрави ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнону Ишкошими ВМКБ, ҳамчунин ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҳодисаҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шуданд. Беш аз даҳҳо тарма рӯзи 11 январ шоҳроҳи Душанб – Хуҷандро баста, онро муддати чандин соат тоза карданд.

Қобили зикр аст, ки моҳи январи соли 2017 бар асари тармафарӣ дар Тоҷикистон ҳафт нафар ба ҳалокат расида буданд. Панҷ нафар дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд ва ду кас дар роҳҳои ВМКБ ҳалок шуда буданд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.