Ду рӯз паиҳам - 18 ва 19 июл дар кӯчаи Пехотинтсеви шаҳри Екатеринбурги Русия, дар наздикии мағозаи «Монетка» байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз занозаниҳои гуруҳӣ рух додаанд.
Тавре хабаргузории “Ахбор” иттилоъ медиҳад, дар занозании аввал, бино ба ҳисобҳо, аз 40 то 80 нафар ва дар занозании дуюм ҳудуди 100 нафар иштирок кардаанд. Пулиси Екатеринбург ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудани кормандони пулисро тасдиқ кардааст.
Гуфта мешавад, ин занозаниҳо дар наздикии бозоре рух доданд, ки дар он асосан муҳоҷирон кор мекунанд, вале ин бозор ба далели карантин ҳоло баста аст.
Занозаниҳо шаби шанбе дар назди мағозаи «Монетка» оғоз ёфта, дар натиҷа як нафар захмӣ шудааст. Дар атрофи ин нафар, ки дар рӯи замин афтода буд, издиҳом ҷамъ омадааст, вале баробари дидани пулис ҳама ба ҳар тараф пароканда шудаанд.
Зикр мегардад, ки иштирокчиёни занозанӣ вақте мошини пулисро медиданд, пароканда мешуданд, вале баъди рафтани пулис боз ҷамъ мешуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.