Нафаре, ки дирӯз ба хабарнигорони Радиои “Озоди” ҳангоми таҳияи гузориш ҳуҷум карда буд, боздошт шудааст. Дар ин бора аз РВКД дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Дирӯз, 4-уми март ду хабарнигори ин расона - Муллраҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдулло дар нуқтаи фуруши сӯзишвории “Соро Ойл” дар маҳаллаи 33-и пойтахт ҳангоми таҳияи гузориш дар мавриди баланд шудани нархи сӯзишворӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҳангоме, ки хабарнигорон мехостанд дар ин маврид аз ронандаҳо суол диҳанд, аммо посбони нуқтаи сӯзишворӣ монеъи ин кор шудааст.
Пулиси шаҳри Душанбе мегӯяд, ки нафаре, ки ба рӯзноманигорон ҳуҷум кард боздошт шудааст.
“Тафтишот мунтазири хулосаи тиббиест, ки имрӯз бояд рӯзноманигорони Радиои “Озодӣ” пешниҳод кунанд. Баъди омӯзиши хулоса тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад. Нафари ҳуҷумкунанда боздошт шудааст ва ҳоло дар ШВКД ноҳияи Сино дар ҳабс қарор дорад”,- гуфтанд аз ин ниҳод.
Муллораҷаб Юсуфӣ рӯзноманигоре, ки мавриди ҳамла қарор гирифт, ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ӯ бо ҳамкораш мехостанд дар бораи боло рафтани нархи маводи сӯхт сужаи видеоӣ таҳия кунанд.
“Вақте мо бо як ронанда суҳбат мекардем, посбони нуқтаи фуруши сӯзишворӣ талаб кард, ки наворгириро қатъ кунем, Шаҳлои Абдуллоро сахт тела дод ва бо дастонаш пеши роҳи наворгирии дурбинро пӯшонид. Ман хостам ба ёрии ҳамкорам бишитобам ва қазияро бо телефони мобилиям забт кунам, вале дар ин ҳола як зарбаи дар зери манаҳам хӯрадам. Посбон гуфт, ки мо ҳақ надорем, дар ҳудуди НФС бидуни иҷозаи хаттии раҳбарии ширкат наворбардорӣ кунем”,-гуфт Юсуфзода.
Баъди ин рӯзноманигор аз муоинаи тиббӣ гузаштааст, ки пизишкон гуфтаанд Юсуфзода бар асари зарба дар қисмати чапи рӯяш варамӣ пайдо шудааст ва ӯ бояд дар дуҳафтаи наздик таҳти табобат қарор бигирад.
Баъдан рӯзноманигорон ба ВКД Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
Дар Тоҷикистон борҳо шудааст, ки хабарнигорон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор мегиранд, вале дар бештари мавриди шахсияти афроди ҳамлагар ошкорношуда боқӣ мемонад.
Соли гузашта хабарнигори “Азия-Плюс” ду бор мавриди ҳамла қарор гирифт, ки ҳамалаи нахусти 11 майи соли 2020 буд, ки то кунун омилони ин ҳамла ошкор нашудаанд.
Ҳамлаи дувум 29-майи соли гузашта буд. Замоне ӯ мехост дар мавриди вазъи селзадагони нҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузориш таҳия кунад мавриди лату кӯб қарор гирифт, ки баъдан ҳамлаварон ошкор ва муҷозот шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста