Боронҳои пуршиддат ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва лағзиши хок боис гардида, дар натиҷа рӯзҳои 20-21 апрел ҳодисаҳои селфароиву сангреза ба қайд гирифта шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, соати 06:30 дақиқаи субҳи имрӯз дар километри 94-96-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш дар мавзеи Ҳамаланго лойқа фаромадааст.
“Дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуда, лекин айни замон тоза ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор шуд”, - хабар доданд дар Кумита.
Зикр шуд, ки шабонарӯзи гузашта ба Хадамоти зидди жолаи Кумита муяссар шудааст, ки кишти зироатҳои кишоварзиро аз зарари жола ҳифз намояд.
“Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ёрии партоби мушакҳои зидди жола ду қисмати хавфноки абрҳои жолаовар безарар гардонида шуданд”, - хабар медиҳад Кумита.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, шабонарӯзи наздик дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон сар задани зуҳуроти селии хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ба сурати умум то 25 апрел дар саросари кишвар боридани борону ба амал омадани раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз аҳолӣ дархост мекунад, ки дар чунин рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба кӯҳҳо, занбӯруғчинӣ, ҷамъоварии алафҳои дорувор, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Инчунин тавсия дода мешавад, ки ба хотири дурӣ ҷустан аз ҳодисаҳои нохуш ба назди махзанҳои об нараванд, чорвочаронӣ низ дар рӯзҳои пурбориш маслиҳат дода намешавад.
Кумита ба сокинони деҳоти кишвар тавсия медиҳад, ки ҳамеша худро ба ҳар ҳолати фавқулодаи эҳтимолӣ, аз ҷумла омадани селу обзехӣ бар асари боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо омода кунанд. Телефонҳояи худро дар ҳоли омодагӣ нигоҳ доранд, доруқутии хонаро бо доруҳои ниёзи аввал, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва ғайра пур кунанд.
Бо мақсади пешгирӣ аз селҳо Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад сари вақт селроҳаву ҷӯйборҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу шағал тоза кунанд.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои дорои сиёҳшиша даъват мешавад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намуда, ба ҳамаи қоидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан меъёри суръат риоя кунанд.