Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳодисаҳои фаромадани сел, инчунин далелҳои рух додани ҳодисаҳои нохуш дар обанборҳои кишвар ба қайд гирифта шуданд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, соати 16:00-и рӯзи 13 май боришоти шиддатнок ба фаромадани лойқа дар қаламрави деҳаи Гажнеи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб боис шуд.
Бар асари фаромадани сел ҳавлӣ ва чор хона бо лойқа пур шуда, сокинони онҳо ба макони бехавф интиқол дода шуданд. Ҳамчунин бар асари сел километри 32-юми роҳи Душанбе - Варзоб муваққатан баста шуд.
Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, инчунин Гуруҳи кории Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, дар ин ҷойҳо бо техникаи махсус корҳо ба роҳ монда шуданд.
Рӯзи 13 июн дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд. Соати 17:30 як ҷавнозан ба шуъбаи навбатдории Кумита занг зада, хабар дод, ки писари 6-солааш ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Имдодгарони Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, корҳои ҷустуҷӯӣ ҷараён доранд.
Дирӯз дар соҳили дарёи Панҷ, ки тариқи деҳаи Даштаки ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷи ВМКБ мегузарад, сокинони маҳаллӣ ҷасади зани 20-солаи сокини деҳаи Язғуломи ҳамин ноҳияро дарёфтаанд, ки 1 июни соли ҷорӣ бо сабабҳои номаълум бо писарчаи 1-солааш худро ба дарё партофтааст. Ҷустуҷӯи ҷасади кӯдак идома дорад.