Маълум шуд, ки сабаби талаф ёфтани садҳо сар гӯсфанд дар ноҳияи Шаҳринав фаромадани тарма набудааст. Рамаи чорво худаш аз болои кӯҳ ба поин сарозер шудаанд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода.

Қаблан дар ин ниҳод зикр карда буданд, ки “тибқи  маълумоти тасдиқнашуда ва пешакӣ, рамаи чорво зери тарма мондааст”.

“Айни замон дар ҷойи ҳодиса комиссия кор мекунад. Дар ҳоли ҳозир маълум аст, ки аз 600 сар чорвои хурд 140 сараш талаф ёфтааст. Гӯсфандон моли сокинони маҳаллианд”, - зикр карданд дар Кумита.

Ҳамлаи гургонро ба рамаи чорво, ки боиси ин ҳодиса шудааст, дар Кумита тасдиқ ҳам накарданду инкор низ.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” як шоҳиди ҳодиса, сокини шаҳри Душанбе Фирдавс Муҳаммадиев хабар дод, ӯ худаш чорвои талафёфтаро дарёфта ва бар ин назар аст, ки аз эҳтимол дур нест, ки гургҳо ба онҳо ҳамла карда бошанд. Ӯ ба “Азия-Плюс” аз ҷойи ҳодиса навори видео ва якчанд сурат пешниҳод намуд.

Ба гуфтаи Фирдавс, дар ин маҳал ӯ бо дӯстонаш истироҳат мекардааст. Субҳ вақти сайругашт ӯ бӯи бадеро ҳис намуда, дар ин ҷо ҳудуди 40 сар чорвои хурдро мебинад, ки баъзеашон пора-пора шуда буданд.

Дар ҳамон ҷо ӯ одамонро низ мебинад, ки гӯсфандони захмгирифтаро мекуштанд, то ки гӯшташон барои истеъмол ҳалол шавад.

Ба гуфтаи номзади илмҳои биологӣ, Алихон Латифӣ, шояд ҳамлаи як гург ё галаи гургон ба ин ҳодиса сабаб шуда бошад.

“Дар ин гуна вазъиятҳо аз кӯҳ худро партофтани як гӯсфанд кофист, зеро тамоми рама низ аз паси он меравад. Нигоҳ доштани онҳо душвор ва дар баъзе ҳолатҳо ғайриимкон аст”, - изҳор дошт ӯ.

Дар бораи пора-пора ё газида будани баъзе аз узвҳои гӯсфандон мутахассис бар ин назар аст, ки ин метавонад натанҳо кори гургон, балки сагҳои дайду низ бошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.