Рӯзи 21 март соати 21:47 дақиқа дар қаламрави Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои дигар заминларзаи сахт рух дод. Қувваи заминларза аз 6,5 то 7,7 баллро ташкил дод. Дар ҳамаи кишварҳое, ки таконҳо эҳсос шуд, мардум шитобкорона хонаҳои худро тарк карданд.

Таконҳои сахт дар Покистон, Ҳиндустон ва як қатор кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ эҳсос шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузориҳо, айни замон теъдоди ҳалокшудагон аз заминларза дар Покистон 9 нафар гуфта мешавад.

Тавре ки Aamaj News хабар медиҳад, тибқи маълумоти пешакӣ, дар қисмати шимолу шарқи Афғонистон бар асари заминларза ҳудуди 20 манзил тахриб шуда, аз ҳалокати 2 нафар дар вилояти Лағмон хабар дода мешавад.

1/3

Дар Тоҷикистон заминларза дар саросари ҷумҳурӣ эҳсос шуда, дар ин бора сокинони Душанбе, Кӯлоб,Бохтар, Дарвоз, Исфара, Панҷакент, Хуҷанд ва дигар мавзеъҳо дар шабакаҳои иҷимоӣ хабар доданд.

Бино ба маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар километри 268-уми самти ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар музофоти Қундузи Афғонистон ҷойгир будааст.

Гуфта мешавад, қувваи заминларза дар умқи 195 километр воқеъ буда, дар марказаш 7 балл ва дар шаҳри Душанбе 5 баллро ташкил дод.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ низ хабар дода буданд, ки қувваи заминларза дар Душанбе 5 балл буд. Аз талафоти ҷонӣ ва харобиҳо дар қаламрави Тоҷикистон хабар дода намешавад. Бисёре аз сокинони шаҳрҳои кишвар аз тарси таконҳои пас аз заминларза (афтершокҳо) ба кӯча баромаданд.

Тибқи маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, қувваи заминларза дар ин кишвар аз 4 то 6 балл, аз ҷумла дар пойтахт - шаҳри Тошканд 5 баллро ташкил додааст.

Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, қувваи заминларза дар ҷануби ин кишвар ба 3 балл баробар будааст.

Ёдрас мекунем, ки тайи ҳафтаҳои ахир дар Тоҷикистон даҳҳо заминларзаҳои қувваашон начандон зиёд ба амал омаданд. Заминларзаи нисбатан қуввааш зиёдтар субҳи рӯзи 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.

Дар пайи заминларзаи шадид дар Туркияву Сурия, ки садҳо бино фурӯ рехтаву даҳҳо ҳазор нафар қурбон шуданд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тобоварии биноҳои навсохти Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро ба заминларза санҷад.

Айни замон санҷишҳо ҷараён дошта, дар ин маводи мо огаҳӣ меёбед, ки шаҳри Душанбе ба чӣ қадар қувваи заминларза тобовар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.