Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 2 март ронандаи автомобили Toyota Estima А.М.-и 69-сола зани 54-солаи корманди Хоҷагии манзилию коммуналӣ Идимоҳ Ятимоваро, ки аз роҳ мегузашт, бо мошинаш пахш кард.

Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ин ҳодиса тахминан соатҳои 20:30 дақиқа ҳангоми ҳаракати автомашина аз кӯчаи Бухоро ба самти хиёбони Рӯдакӣ дар рӯбарӯи тарабхонаи “Антепхан” рух додааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа пиёдагард Ятимова ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, аз тарафи худи ронанда ба беморхона оварда мешавад, вале худи ҳамон рӯз дар беморхона ба ҳалокат  расидааст.

Таъкид мешавад, ки айни замон ҷиҳати муайян кардани сабабу ҳолатҳои ин ҳодиса тафтишот ҷараён дорад.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар Тоҷикистон Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025-2035 таҳия мешавад. Ин санад бо ҳадафи коҳиши ҳодисаҳои фавт ва ҷароҳат бардоштани аҳолӣ дар пайи садамаҳои нақлиёт таҳия мешавад.

Намояндагони Вазоратҳои нақлиёт, адлия, корҳои  дохилӣ, тандурустӣ, ва Бонки миллӣ дар як ҳамоиш дар Душанбе таҳияи ин ҳуҷҷатро баррасӣ кардаанд. Масъулин атрофи вазъи кунунии бехатарии ҳаракат дар  роҳҳо, мушкилоти асосӣ, суғуртаи ҳатмии мошин гуфтугӯ карда, масъалаҳои инфрасохтори бехатарии роҳ, суръати ҳаракат дар роҳ ва амалҳо пас  аз ҳодисаҳои садамавии роҳу нақлиёт баррасӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 1 ҳазору 233 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 552 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бароштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.