Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон қотилони рӯзноманигорони шабакаи телевизиони Русия ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Тибқи ҳукмномаи додгоҳ гумонбаршудагон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмуддин Муҳиддинов дар содир намудани ҷинояти қатли рӯзноманигори рус гунаҳкор дониста шуда, бо мусодираи мол ва адои ҷазо дар зиндони тартиботи шадид ба муддати 21 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.Ҳайатаи мушовараи додгоҳ ҳамчунин қарор кард, ки Н.Муҳиддинов ба муолиҷаи иҷбории бемории нашъамандӣ фаро гирифта шавад.
Имрӯз ҳангоми суханронӣ дар додгоҳ Масрурҷон Ятимови 25-сола
изҳор дошт, ки аз карда пушаймон аст. Қотили дигари рӯзноманигори рус Наҷмуддин Муҳиддинови 20-сола низ тавбаву надомат карда, аз додгоҳ дархост намуд, ки зимни баровардани ҳалнома ҷавон будани ӯро ба назар гиранд.
Ёдрас мекунем, ки судяи Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шӯҳрат Азимов зимни қироати айбномаи судӣ изҳор дошт, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимови 25-сола ва Наҷмуддин Муҳиддинови 20-сола гунаҳкор дониста мешаванд, ки бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади азхуд кардани амволи шахси дигар ин ҷиноятро содир кардаанд.
Ӯ қайд кард, ки мувофиқи маълумоти санадҳои тафтишоти пешакӣ, М.Ятимов бо И.Шурпоев аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар истгоҳи метрои «Таганская шинос шудааст. Он замон рӯзноманигор худро чун соҳибкор бо номи Марат муаррифӣ карда, ба ӯ рақами телефонашро медиҳад. «То ҳамон рӯзи шум ман ӯро якчанд маротиба дидам ва дар яке аз чунин вохӯриҳо ӯро бо дӯсти худ Наҷмиддин Муҳиддинов шинос кардам, - гуфт ҳангоми пурсиш М.Ятимов. - Дар таърихи 20-уми март рӯзноманигор ба ман занг зада, хоҳиш намуд, ки ҳамроҳи Муҳиддинов барои вақтгузаронии маҳрамона назди ӯ оем ва ваъда дод, ки барои як соат ба дӯстам 3 ҳазор рубли русӣ медиҳад. Он замон Муҳиддинов ба героин гирифтор буд ва аз ҷиҳати молиявӣ танқисӣ мекашид. Мо соати 9-и шаб ба хонаи ӯ омада, муддати якчанд соат он ҷо мондем ва ҳангоми рафтан И.Шурпоев ба дӯсти ман танҳо 500 рубли русӣ пардохт намуд. Аз ин Муҳиддинов ба ғазаб омада, байни онҳо ҷанҷол шурӯъ шуд. Ман хостам, ки онҳоро халос кунам, вале Шурпоев маро ба як тараф тела дод. Дар ин замон Муҳиддинов ба ӯ ҳуҷум карда, бо тасмае, ки дар гардани ӯ буд, Шурпоевро буғӣ кард. Пас аз ин ӯ кордро гирифта гардани ӯро бурид, ҳарчанд ӯ аллакай намеҷунбид».
Судя ҳамчунин иҳор дошт, ки Н.Муҳиддинов низ ба гуноҳаш иқрор намешавад. «Шурпоевро ман накуштаам, - таъкид кард ӯ. - Ҳангоме ки ман ба гулӯи ӯ кордро гузоштам, Шурпоев аллакай аз тарафи М.Ятимов буғӣ шуда буд».
Ш.Азимов зикр кард, ки айбдоршавандагон пас аз қатли рӯзноманигор хонаи ӯро оташ зада, соатҳои 2-и шаб аз ҷои ҳодиса фирор крдаанд. Онҳо амволи марҳум - ноутбук, соати швейтсарӣ, телефони мобилӣ ва маблағи пулӣ ба миқдори 150 ҳазор рубли русиро низ ҳамроҳи худ гирифтаанд, ки баъдтар онро миёни худ 75 ҳазор рублӣ тақсим кардаанд.
Мурофиа кушод буда, бо забони русӣ мегузарад ва дар он рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштиок карда метавонанд. Ба мурофиаи додгоҳӣ судяи Додгоҳи Олии ҶТ Шӯҳрат Азимов раисӣ мекунад. Айбдоркунандаи давлатӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Азимҷон Абдуев аст.
Хешовандони рӯзноманигори марҳум ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба мурофиа ҳозир нашуданд.
Хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ - 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дуздӣ дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста