Кӯлоб. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми рӯзи гузашта дар ҳавлии шӯъбаи корҳоии дохилии ноҳияи Темурмалик сокини ин ноҳия даст ба худкушӣ даст зад. Ӯ ба гумони даст доштан ба дуздии чорвои хусусӣ ба шӯъба оварда шуда буд.
Муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов дар сӯҳбат бо рӯзноманигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки гумонбаршуда ба дуздиаш иқрор шуда, дар ин бора баёнот ҳам менависад ва сипас барои қазои ҳоҷат ба ҳавлии шӯъба баромада, дар муддати якчанд дақиқа худро меовезад. «Дар болои ҳоҷатхона арматураи ғафсе бо симҳои баста насб шудааст, ки ӯ аз он истифода намуда, даст ба худкушӣ задааст, - идома дод ӯ. - Далелҳои дуздии чор гов ва фурӯши он ба маблағи 4000 сомонӣ собит гаштанд».
Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дар чаҳорчӯбаи он ҳамчунин ба амали кормандони шӯъба низ хулоса бароварда хоҳад шуд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста