Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Сенаторҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷейсон Брудер ва Крис Сок, ки дар шаҳри Душанбе қарор доранд, дурнамо ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрикоро дар масъалаи назорати маводи нашъаовар меомӯзанд.

Аз агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки директори агентӣ Рустам Назаров бо сенаторон мулоқот ороста, онҳоро бо вазъи мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир дар ҷумҳуруиву минтақа, фаъолияти мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ ва чораҳои андешидаи ҳукумат дар ин самт ошно сохт. Ӯ сатҳи ҳамкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистонро дар мубориза алаҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир қаноатбахш арзёбӣ намуд.