Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷавонзани 30-солаи душанбегӣ Бунафша Давлатова ба азхудкунии 3 ҳазор доллари амрикоии падараш гумонбар дониста мешавад. Ин миқдор маблағро ӯ аз падараш гирифта, дигар барнагардондааст.

Тибқи иттилои намояндаи Вазорати умури дохилӣ, шаҳрванд Неъматулло Давлатови 66-сола ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз болои амали ғайриқонунии духтараш ва дугонаи ӯ Истам Ҷумъаева шикоят мебарад. «Дар шикоят гуфта шудааст, ки моҳи апрели соли равон духтараш ва дугонаи ӯ ба боварии падар даромада, бо роҳи фиреб аз ӯ 3 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ мегиранд ва бедарак мешаванд», - изҳор дошт манбаъ.

Аз сарчашма ҳамчунин хабар дода шуд, ки чанде қабл ҳар ду гумонбаршудагон дастгир шуда, нисбат ба аъмоли содиркардаи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.