Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки соли равон дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон ҳодисаҳои садамаи нақлиёт коҳиш ёфтаанд.
Аз оғози соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1 ҳазору 168 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст (соли 2007 - 1 ҳазору 203 ҳодиса), ки бар асори он 1 ҳазору 350 нафар (соли 2007 - 1 ҳазору 397 нафар) ба ҳалокат расиданд. Шумораи ҷабрдидагоне, ки ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, баръакс, аз 293 нафар ба 350 нафар афзудааст.
Кормандони раёсат коҳиши ҳодисаҳои садамаи нақлиётро ба баргузории чорабиниҳои муассири фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ, аз қабили амалиётҳои «Кӯдакон», «Автобус» ва ғайра марбут медонанд.
Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 8 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки бар асари он 3 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ гирифтанд.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста