Душанбе. 20-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Пас аз машварати
III
-уми ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ (ИДМ) ва Русия дар Душанбе сардори Дафтари ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфноки Кумитаи иҷроияи ИДМ, генерал лейтенанти милиса Александр Боков изҳор дошт, ки агар соли гузашта дар минтақаи Осиёи Марказӣ 2,5 тонна маводи сахттаъсири ҳероин мусодира карда шуда бошад, пас соли равон ин рақам ба 4,8 тонна баробар шудааст.
А.Боков таъкид сохт, ки аз рӯи тахминҳои пешакӣ, соли равон дар Афғонистон истеҳсоли маводи мухаддир ба 8,2 ҳазор тонна мерасад, ки нисбат ба соли 2006 ба миқдори 200 тонна зиёдтар аст. «Бо назардошти вазъи мавҷуда дар машварат бобати чораҳои муштараки пешгирӣ ва муборизаи муассир бо ин падида табодули афкори иштирокдорон сурат гирифт», - гуфт ӯ.
Дар машварат беш аз 40 намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нерӯҳои марзбонӣ, кумитаҳои гумрук, агентиҳо ва сохтори махсуси мубориза бо маводи мухаддири давлатҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Арманистон, Украина, Молдова ва аъзои Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок карданд.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста