Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ду шаҳрванди Афғонистон, ки барои убури ғайриқонунии марз ва даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар боздоштгоҳи муваққатии раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доштанд, фирор кардаанд.
Аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки боздоштшудагон тақрибан соатҳои чори рӯз аз майдони сохтмони иншооти бинои нави боздоштгоҳи муваққатӣ гурехтаанд.
Ба иттилои намояндаи вазорат, гурӯҳҳои тақвиятёфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят фавран ба ҷустуҷӯ шурӯъ кардаанд, вале аз он ҳеҷ натиҷае ба даст наомадааст. «Эҳтимол меравад, ки гурезаҳо сарҳадро убур намуда, ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурдаанд ва ҷиҳати дастгир кардани онҳо бо мақомоти дахлдори Афғонистон гуфтушунид мешавад», - зикр кард манбаъ. Аз рӯи ин далел додситонии вилоят парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Парвандаи роҳбари ширкати "Арса", ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст
“Интернети босуръат ва арзон”. Сокинон аз раиси нави Хадамоти алоқа чӣ интизорӣ доранд?
Маҳсулоти бесифат, воридоти равғани нахл, мораторий. Дар нишасти хабарии “Тоҷикстандарт” боз чӣ гуфтанд?
Юсуф Раҳмон вазифаи нав гирифт
Раиси Бобоҷон Ғафуров шикояти волидайн дар бораи харидории пойафзор аз як корхонаро шарҳ дод
Рустами Эмомалӣ супориш дод, ки дар ВМКБ Академияи футбол бунёд шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста