Мурофиаи судӣ миёни ҶСП «Вавилон-Мобайл» ва Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба фоидаи ширкати мобилӣ анҷом ёфт. Акнун ба Кумитаи андоз лозим меояд, ки зарари расонидашуда ба ширкатро барқарор намояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» PR-менеҷери ширкати «Вавилон-Мобайл» Холиқназар Ҷумъаев хабар дод, моҳияти баҳс дар он ифода меёфт, ки тағйирот ба Муқаррарот дар бораи вижагиҳои навъҳои ҷудогонаи фаъолият моҳи августи соли 2009 ворид шуда, мутобиқи он боҷҳои литсензионӣ аз 1 то 2,5% боло рафтанд, вале дар матбуоти расмӣ ин тағйирот моҳи ноябри ҳамон сол ба чоп расид ва мутобиқи қонунгузорӣ қонун пас интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад. Вале Кумитаи андоз аз ширкат талаб кард, ки маблағи болоравии боҷро аз моҳи октябр пардохт намояд.
Аз ин рӯ, ширкати «Вавилон-Мобайл» ба Суди конститутсионӣ муроҷиат намуд ва ин суд муроҷиати ширкатро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба фоидаи ширкат қарор содир кард.
Х.Ҷумъаев ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷаласаи Суди Конститутсионӣ намояндагони ваколатдори президент дар Суди Конститутсионӣ, ҳокимияти судӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Хадамоти алоқаи назди ҳукумат, Кумитаи андоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ иштирок кардаанд.
Имтиёзҳо аз пардохти андоз ба корфармоҳое, ки шахсони маъюбро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатии дурӯза ба Қирғизистон меравад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста