Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллобро, ки бо истифода аз нақлиёти ҳавоӣ ба қочоқи маводи мухаддир ба Федератсияи Россия машғул буданд, ошкор ва қатъ карданд.
Тавре аз Агентии мазкур абар доданд, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ дар вақти бақайдгирии чиптаҳои хатсайри Душанбе – Екатеринбург бо гумонбарӣ дар интиқоли қочоқи маводи мухаддир бо усули дохили меъдагӣ шаҳрванди 33-солаи пойтахтро дастгир намуданд. Гумонбаршуда ба Агентӣ оварда шуд ва аз меъдаи вай бо роҳи табиӣ 66 дона ғилофак бо маводи нашъадори навъи афюн гирифта шуд.
Дар рафти тафтиши пешакӣ муайян карда шуд, ки дастгиршуда яке аз иштирокчиёни аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб мебошад.
Дар натиҷаи ташкил ва гузаронидани чораҳои иловагӣ ба кормандони Агентӣ муяссар гардид, 2 нафар ташкилкунандагони ин ҷиноятро, ки вайро пайваста бо маводи нашъадор таъмин мекарданд, муайян ва дастгир намоянд.
Ҳамин тариқ кормандони Агентӣ тавонистанд боз як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро муайян ва дастгир намоянд, ки мехостанд маводи нашъадорро аз кишвари мо ба Федератсияи Россия интиқол диҳанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур шӯъбаи тафтишотии Агентӣ бо моддаҳои 200 қисми 3 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш) ва 289 қисми 2 (қочоқ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Шахсони дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.
Тафтишот дигар иштирокчиёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро муайян менамояд.
Имтиёзҳо аз пардохти андоз ба корфармоҳое, ки шахсони маъюбро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатии дурӯза ба Қирғизистон меравад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста