Аз рӯйи далели қатли генерал мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ – 104, қ. 2, б. «б», «е» (Одамкушии шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ), 199, қ. 4, б. «а», «б» (Тасарруфи яроқ) ва 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парвандаи ҷиноӣ боз шуд, - гуфт имрӯз зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода.
«Ба гумонбарии даст доштан дар содир намудани ҷинояти мазкур ҳанӯз касе боздошт нашудааст», - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Салимзода, барои тафтиши қазияи мазкур таҳти сарварии сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Хайрулло Саидов як гурӯҳи тафтишотӣ ба Хоруғ фиристода шудааст.
Ба савол дар хусуси фарзияҳои куштор прокурори генералӣ фарзияи расмӣ – куштор бо мақсади рӯйпӯш сохтани ҷинояти марбут ба қочоқи маҳсулоти тамокуро, ки худи ҷинояткорон дар он даст доранд, хотирнишон кард.
Пас аз посух ба саволи аввали журналистон Шерхон Салимзода шитобкорона толори нишасти матбуотиро бинобар сабаби ба ҳукумат ба машварат даъват шуданаш тарк гуфт. Аз эҳтимол дур нест, ки даъвати машварати таъҷилӣ маҳз ба ҳодисаи мазкур рабт дорад.
Ёдрас мекунем, ки зимни бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим автомашинаи генерал А.Назаровро шахсони номаълум боздошт намуда, ӯро аз мошин берун меоранд ва бо корд якчанд зарбаҳои марговар мезананд.
То соли 2010 Абдулло Назаров ба ҳайси муовини раиси КДАМ фаъолият намуда, қаблан роҳбарии Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро ба уҳда дошт.
Моҳҳои июл ва ноябри соли 2010 матбуоти Қирғизистон генерал-майор А.Назаровро дар паноҳгоҳ додан ба хешовандону наздикони собиқ президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев муттаҳам карда буданд. Он замон ӯ тамоми иттиҳомотро рад намуда, изҳор дошта буд, ки он ба муташанниҷ сохтани вазъ дар Тоҷикистон равона шудааст.
Имтиёзҳо аз пардохти андоз ба корфармоҳое, ки шахсони маъюбро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатии дурӯза ба Қирғизистон меравад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста