Созмони ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз маълумот перомуни дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор гирифтани гумонбар ба қатли ҳамсари хоҳари президент изҳори нигаронӣ намудааст.

Дар изҳороти интишоргардидаи созмон зикр мегардад, ки айбдоршаванда Д.К.-и 45-сола санаи 13-уми июл боздошт гардида, ба ӯ мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 195, қ. 1 (Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа) айбнома пешниҳод шудааст.

Ба гуфтаи адвокати айбдоршаванда, бо мақсади гирифтани баёнотҳои иқрори гуноҳ зерҳимояи ӯ аз ҷониби кормандони хадамоти фаврии гурӯҳи тафтишотии ҷинояти мазкур лату кӯб шудааст.

Аз рӯзи нахусти боздошт дастрасӣ ба адвокат барои ӯ маҳдуд шуда, ӯ дар тавқифгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад. «Хабар расид, ки нисбат ба боздоштшуда методҳои ғайриқонунии тафтишот истифода мешаванд. Аз ҷумла бо таҳдиди зарар ба ҳамсару кӯдаконаш ба ӯ фишорӣ равонӣ оварда, ӯро шабона хобидан намегузоранд ва маҷбур месозанд, ки соатҳо рост биистад. Осори шиканҷаву лату кӯбро ба осонӣ метавон бо як нигоҳ аз чеҳраи ӯ ба хубӣ пай бурд», - иттилоъ медиҳад Amnesty International.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон ба он таваҷҷуҳ зоҳир месозанд, ки дар ҷараёни кофтукови нахусти манзили айбдоршаванда ҳеҷ далели шайъии исботи даст доштани ӯ дар ин ҷиноят дарёфт нагардид. «Зимни кофтукови такрорӣ, ки бо нақзи меъёрҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ гузаронида шуд, тирҳои таппончаи Макаров дарёфт гардиданд ва гумонбаршуда дарҳол изҳор кард, ки ин тирҳо ба ӯ тааллуқ надоранду аз ҷониби касе партофта шудаанд», - иброз дошт адвокат.

Amnesty International иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 21-уми июл адвокати гумонбаршуда дар бораи гузаронидани ташхиси таъҷилии тиббӣ дархост кардааст, вале ба ин аз ҷониби роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ посухи рад гирифтааст.

Созмон ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки тибқи хабари расида, ҳамсар ва писари гумонбаршуда ба додани баёноти сохта маҷбур шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.