Дар Суди олии ҷумҳурӣ мурофиаи судӣ нисбат ба сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯйии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ (АНМН) Равшанбек Мирзоаҳмедов оғоз гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олӣ хабар доданд, полковники АНМН ба суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ муттаҳам карда мешавад. Ҳамроҳи ӯ дар курсии айбдорӣ ду нафар шаҳрвандони касбу кори дигар низ ҳузур доранд.
«Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Мирзоаҳмедов дар робита ба як чорабинии фаврӣ оид ба мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир боз гардид, ки ба андешаи тафтишот, бо риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ сурат гирифтааст. Ба то кадом андоза гунаҳкор будани Мирзоаҳмедов суд баҳо медиҳад», - гуфт як манбаъ дар АНМН.
Мирзоаҳмедов аввали моҳи март аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ боздошт шуда буд.
Имтиёзҳо аз пардохти андоз ба корфармоҳое, ки шахсони маъюбро ба кор мегиранд
Таътили баҳории хонандагони мактабҳо чанд рӯз давом мекунад?
Сироҷиддин Насриддинов – дипломат ва аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия 85-сола шуд
ICB рушди футболи миллиро дастгирӣ мекунад
Тоҷикистон vs Ӯзбекистон. Чемпионат ва футболбозони ду кишвар чӣ қадар нарх доранд?
Имрӯз сокинони баъзе кӯчаву хиёбонҳои Душанбе то бегоҳ бебарқ мемонанд
Ҷаримаи 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар Душанбе
Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои хавфи пасти ифротгароӣ дохил шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатии дурӯза ба Қирғизистон меравад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста