Дар минтақаи шимоли кишвар як узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судӣ оид ба ин парванда, муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров судя Абдунурулло Ашӯров хабар дод, айбдоршаванда – сокини маҳаллӣ Бахтиёр Маҳкамови 25-соларо суд дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 307 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 11 соли зиндон бо мусодираи амвол ва адои ҷазо дар зиндони низомаш шадид маҳкум намуд.
Судя зикр кард, ки соли 2010 ҳангоми дар шаҳри Маскав қарор доштан айбдоршаванда бо аъзои ҲИӮ – шаҳрвандони Ӯзбекситон вохӯрда, ба сафи ин созмони ҷиноятпеша шомил мегардад. Маҳкамов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд санаи 24-уми феврали соли равон дастгир шуд.
Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилоят, соли 2012 дар вилояти Суғд нисбати 72 тан аз аъзои созмон ва аҳзоби фаъолияташон мамнӯъшуда, аз қабили «Ҳизб-ут-Таҳрир», ҲИӮ, «Ҷамоати Таблиғ» ва ғайра парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда буданд.
Ҳаракати исломии Ӯзбекистон созмони исломӣ мебошад, ки соли 1996 аз ҷониби собиқ аъзоёни як қатор ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии дар Ӯзбекистон мамнӯъбуда, тимсоли «Ҷомеаи адолат», «Ҳизби Эҳёи исломӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҷанговарони Ислом» ва ҳоказо таъсис дода шудааст.
Ситоди он то оғоз шудани амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дар шаҳри Қандаҳори ин кишвар воқеъ буд. Аксари аъзоёни ҲИӮ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҷониби Мухолифини муттаҳидаи тоҷик ширкат варзидаанд. ҲИӮ аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Аз сабти онлайни расона то 60% муҳтавои ватанӣ ва забони ишора. Тарҳи қонуни нави ВАО чӣ дорад?
Боздошти нозири минтақавии ШВКД Қубодиён ба гумони порагирӣ
Ду рӯзи наздик дар Тоҷикистон борону жола меборад
Барои рушди бахши роҳи оҳани Тоҷикистон 7,5 млрд доллар маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст
Чин ба сохтмони неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон 400 млн доллар маблағгузорӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста