Рӯзи 1-уми август кормандони милисаи ноҳияи Рӯдакӣ маҳбуси фирориеро, ки санаи 29-уми июл зимни баргузор намудани амалҳои тафтишотӣ аз бинои прокуратураи ноҳия рӯ ба гурез оварда буд, боздошт карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, маҳбуси фирорӣ Далер Ҷалолов дар қаламрави деҳаи Тутаки ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор дастгир карда шудааст.

Гуфта мешавад, боздоштшуда дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 212 (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаи нақлиёт)-и КҶ ҶТ айбдор карда шуда, акнун ба айбнома моддаи нав илова мегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон Далер Ҷалолов дубора ба ҳабс гирифта шуда, тафтишот идома дорад.