Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор сокини ноҳияи Шӯрообод Ҷамшед Баротови 34-сола дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни азназаргузаронии автомашинаи шахсиаш, тамғаи «ВАЗ-2121» аз дохили пинҳонгоҳи махсус 23 килою 740 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотии иловагӣ, муайян карда шудааст, ки маводи нашъадори дарёфтшуда, ба сокини ноҳияи Шӯрообод шаҳрванд Зариф Сафарови 30-сола тааллуқ доштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш бурда мешавад.