Нисбат ба соҳибкор Зайд Саидов айбномаҳои нав – таҷовуз ба номуси духтари хурдсол ва ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ пешниҳод шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Кудратов, адвокати соҳибкор хабар дод, нимаи дуюми рӯзи 24-уми сентябр муфаттишони Агентии зиддифасод Зайд Саидов ва ҳимоятгарони ӯро ба бинои Агентӣ даъват намуда, ҷабрдидаи имконпазирро бо ӯ рӯбарӯ кардаанд.

«Нисбати Зайд Саидов тибқи моддаҳои 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) ва 138 (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида)- КҶ ҶТ ду айбномаи нав пешниҳод шуд. Айни замон ин духтар 15-сола буда, гӯё ин амал дар синни 12-солагии ӯ содир шудааст. Зайд Саидов бори нахуст ин духтарро дида, даст ба чунин ҷиноят назадааст», - гуфт Қудратов.

Ба гуфтаи адвокат, ба гурӯҳи тафтишотӣ прокурори Агентӣ Зуҳал Раҳимов сарварӣ мекунад, ки ҳафтаи гузашта посбонони бӯстонсарои соҳибкорро назди худ даъват намуда, маҷбур кардааст, ки муқобили Зайд Саидов дар бораи гӯё ба бӯстонсаро духтаронро овардани ӯ баёнот диҳанд, вале посбонон ба ин розӣ нашуда, аз болои амали Агентӣ ба Прокуратураи генралӣ шикоят бурдаанд.

«Дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи Зайд Саидов танаффус эълон шуда, дар ин муддат мақомоти тафтишот айбномаҳои нав нисбат ба соҳибкорро ба суд пешниҳод мекунад», - афзуд номбурда.