Ҳафт ташхиси гуногун бегуноҳии Расули Амонулло, писари собиқ роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматуллоро дар садамаи нақлиёти рӯзи 9-уми октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе собит кард. Ин матлабро зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳор намуд.
Ба гуфтаи вазир, барои хотима бахшидан ба ҳар гуна овозаҳо дар ҷомеа оид ба ин масъала, вазорат ҳафт ташхиси гуногун гузаронида, ҳамаи ташхисҳо бегуноҳии Расули Амонуллоро собит кардаанд.
Рамазон Раҳимзода дар ин робита ҳамчунин зикр кард, ки ин парванда қисман қатъ шуда, ба ихтиёри прокуратура супурда шудааст, вале дар бораи айбдори асосӣ дар ин садама, ки ҷони се нафарро рабуд, ҳарфе нагуфт. Ӯ ҳамчунин дар бораи чигунагии ҳафт ташхис барои муайян кардани бегуноҳии Расули Амонулло низ мушаххасан маълумот надод.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор дар хиёбони Рӯдакии пойтахт се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.
Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
Нисбати иштирокчии дигари ин садама, сокини 21-солаи шаҳри Душанбе Умедҷон Шарифов низ мутобиқи моддаи 212, қ 3-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шарифов қаблан аз рӯи моддаи 237, қ. 2-и КҶ ҶТ (Авбошӣ) маҳкум шуда буд.
Модари ноболиғ Расул Амонулли 16-сола барои риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.
Ахири моҳи марти соли равон Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки парванда нисбати Расули Амонулло ва сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифовро, ки дар садамаи марговар гумонбар дониста мешаванд, барои тафтиши дубора ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ баргардонидааст.
Мо ба касе паёмак ирсол накардаем». Ҳушдори «Почтаи тоҷик» аз қаллобон
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Қурби рубл нисбати сомонӣ то сатҳи бесобиқа тайи 9 соли охир поин рафт
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста