Айбдоркунандаи давлатӣ ба гумонбарони куштори сарбози қисми низомии қушӯнҳои сарҳадӣ дар Конибодом Фирдавс Раҳматов муҳлатҳои зиёди зиндон ва ба фармондеҳони ин қисми низомӣ ҷазо ба сифати иқомат дар маҳалли сукунатро дархост намуд.

Модари сарбози ҳалокшуда Дилафрӯз Раҳматова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айбдоркунандаи давлатӣ ба сержант Раббони Сулаймонӣ - 20 сол, сержант Комрон Раҳимов - 19 сол ва сарбози қаторӣ Айём Назаров - 18 соли зиндон таъини ҷазоро дархост кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, барои фармондеҳон ва афсарони қисми низомӣ айбдоркунандаи давлатӣ таъини ҷазои се соли иқомат дар маҳалли сукунатро хоҳиш кардааст, ки ӯ ба ин розӣ нест. «Ман хоҳони онам, ки ба фармондеҳону афсарони қисми низомӣ низ ҷазои марбут ба маҳрумимят аз озодӣ таъин карда шавад», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли ҷорӣ ҷасади  наваскари 22-солаи артиши Тоҷикистон Фирдавс Раҳматовро ҳамагӣ баъди 1 моҳи адои хизмат  барои ба хок супурдан  ба волидонаш оварданд. Он замон фармондеҳони полк, баталйон ва ротаи ин қисми низомӣ дар робита ба ин ҳодиса  аз хизмат барканор шуданд.